27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
09.10.2025 09:01

Бонки ҷаҳонӣ: Рушди иқтисодӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар соли 2025 то 2,4% коҳиш меёбад

Суръати рушди иқтисодӣ дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар соли 2025 то ба 2,4% коҳиш хоҳад ёфт, ки назар ба нишондиҳандаи соли 2024 3,7% камтар мебошад. Бонки ҷаҳонӣ бо нашри як гузориш дар ин хусус хабар дод.

Бар асоси гузориш, бо вуҷуди мушкилоти ҷаҳонӣ ва дохилӣ, минтақаи мазкур устувории иқтисодии худро ҳифз мекунад. Сабаби асосӣ коҳиши суръати рушд, сустшавии фаъолияти иқтисодӣ дар Русия мебошад, ки тақрибан 40 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсолоти минтақаро дар бар мегирад.

Бар асоси арзёбии коршиносони Бонки ҷаҳонӣ агар Русия аз ҳисобҳо хориҷ карда шавад, рушди Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар минтақа дар сатҳи устувори 3, 3% ҳам дар соли 2024 ва ҳам дар соли 2025 боқӣ мемонад.

Антонелла Бассани, муовини Президенти Бонки ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ гуфт, ки барои таъмини рушди устувор кишварҳои минтақа бояд ислоҳоти сохториро амалӣ кунанд, ки ҳадафашон баланд бардоштани самаранокии меҳнат, офаридани ҷойҳои нави корӣ ва мутобиқ шудан ба тағйироти демографӣ аст.

“Барои расидан ба ин ҳадафҳо зарур аст, ки бахши хусусӣ рушд дода шавад, низоми таълим такмил ёбад ва робитаҳои иқтисодии миёни кишварҳо тақвият ёбад. Ҳамчунин, ҷалби сармоягузориҳои хусусӣ ва табдил додани ҷойҳои кори пастмузд ба ҷойҳои кори дорои дурнамои рушд хеле муҳим аст”- зикр мекунад Антонелла Бассани.

Дар гузориш зикр шудааст, ки самтҳои калидии афзоиши иқтисодӣ бояд сармоягузорӣ ба инфрасохтор, маориф, омӯзиши касбӣ ва дастгирии соҳибкорӣ бошанд.

Тибқи гуфтаи муаллифони гузориш бояд ба тавоноӣ ва нақши занону ҷавонон таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад, зеро ин омил метавоонад коҳиши шумораи аҳолии қобили меҳнатро ҷуброн кунад. Бар асоси пешбинии Бонки ҷаҳонӣ дар даҳсолаҳои наздик шумораи аҳолии қобили меҳнат дар Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ ва Балканҳои Ғарбӣ метавонад то 17 миллион нафар коҳиш ёбад.

Дар айни замон, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Туркия шумори аҳолии қобили меҳнат афзоиш хоҳад ёфт, ки ин боиси пайдоиши мушкилоти нав, аз ҷумла таъмини ҷойҳои кор ва боло бурдани самаранокии меҳнат мегардад.

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ таъкид намудаанд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа бо монеаҳои мухталиф рӯ ба рӯ аст. Аз ҷумла рақобати заиф, имкониятҳои маҳдуди рушди ширкатҳои хурд, дастрасии кам ба маблағгузорӣ, низоми кӯҳнаи таҳсил ва саҳми баланди ширкатҳои давлатӣ рушди бахши хусусиро маҳдуд месозад.

Ивайло Изворски, иқтисоддони бузурги Бонки ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ гуфт, ки ҳар як кишвар метавонад роҳи хоси худро барои рушди устувор бо истифода аз сарвати инсонӣ, захираҳои табиӣ ва инфрасохтор пайдо кунад.

“Агар кишварҳо ба офаридани ҷойҳои кори босифат ва рушди малакаҳои касбӣ диққати ҷиддӣ диҳанд, ин метавонад кафолати рушди устувори дарозмуддати иқтисодӣ гардад” – таъкид мекунад Изворски.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.