Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Аввалин футболбоз дар таърих. Кришатиану Роналду миллиардер шуд
Криштиану Роналду, футболбози португалӣ ва яке аз таърихсозони ин навъи варзиш аввалин футболбозе шуд, ки дороияш ба беш аз миллиард доллар расид.
Гуфта мешавад, ки дороии ҳамлагари бошгоҳи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ Криштиану Роналду тақрибан 1,4 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, илова мегардад, ки дороии Роналду на танҳо аз футбол аст, балки дар баробари маошаш ҳамчун футболбоз, аз рекламаҳо ва фаъолияти тиҷоратӣ даромад ба даст меорад.
Дар ҳоли ҳозир футболбози португалӣ дар бошгоҳи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ фаъолият мекунад. Аз соли 2023 то 2025 мувофиқи шартнома аз бошгоҳи мазкур солона 200 миллион евро маош мегирифт, вале тибқи шартномаи нав маоши футболбоз дар як сол 400 миллион евроро ташкил медиҳад, ки баландтарин маош миёни футболбозон маҳсуб меёбад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”