Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Рӯзҳои кинои Эрон дар Душанбе. Кадом филмҳо намоиш дода мешаванд?
Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар медиҳад, ки 15-уми октябри соли равон дар доираи дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” Рӯзҳои синамои Эрон баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, ки филмҳои эронии “Шаҳсавор” (коргардон Ҳусейн Намозӣ), (“Ғариза” коргардон Сиёвуш Асадӣ), “Пул дар рӯйи рӯдхонаи хурд” (коргардон Эҳсон Оқилӣ) ва филмҳои кӯтоҳи “Ҳикояи кӯтоҳ”, “Хусрав 127”, “Бешаҳрвандӣ”, “Бозии тақдир”, “Беохир” намоиш дода мешаванд.
“Дар сатҳи баланд баргузор гардидани Рӯзҳои синамои Эрон ба рушди минбаъдаи синамои миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, боиси рӯйи кор омадани лоиҳаҳои нави синамоии муштарак дар соҳаи кинематографияи ду халқи дӯсту бародар хоҳад гашт”, омадааст дар хабарномаи “Тоҷикфилм”.
Ёдовар мешавем, ки аз 15-ум то 20-уми октябри соли ҷорӣ дар кишвар дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” бо номи “Таърихи рушди тоҷикон” баргузор мегардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”