27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
08.10.2025 11:49

Осиёи Марказӣ пули фаъоли рушди иқтисодии Авруосиё

Имрӯз Осиёи Марказӣ яке аз нуқтаҳои фаъоли Авруосиё ба шумор меравад. Дар ин нуқта, минтақаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ бо суръат густариш меёбанд, занҷираҳои саноатӣ ташаккул меёбанд, ҳампайвандии логистикӣ мустаҳкам мегардад ва заминаи меъёриву ҳуқуқии муосир барои ҳамкориҳои дарозмуддат таъсис меёбад.

Дар остонаи нишасти сарони кишварҳои Русия – Осиёи Марказӣ иқтисоди воқеӣ рӯзномаи асосии фаъолиятҳои иқтисодӣ ва ҳамгироиро мушаххас мекунад. Кишварҳои минтақа дар соҳаҳои инфрасохтор, саноат, энергетика ва технолгияҳо манфиатҳои муштарак доранд. Каридорҳо аз Баҳри Каспий то кӯҳҳои Тянши ба асоси харитаи нави саноатии авруосиёӣ табдил меёбанд.

Дар мисоли ҳамкориҳои Ӯзбекистон, ки бозигари калидии минтақа ба шумор меравад, пешрафти мунтазами ҳамаи Осиёи Марказӣ намоён аст. Савдо ва сармоягузорӣ афзоиш меёбанд, меъёрҳои ҳамоҳангшуда ва навовариҳои логистикӣ татбиқ мешаванд. Сиёсати “дарҳои боз” ба заминаи густурдаи шартномаҳои ҳуқуқӣ бо ҳама ҳамсоягон устувор аст.

Шартнома бо Қазоқистон – тиҷорати озод ва ҳифзи сармоягузорӣ бо Тоҷикистон, эълони “дӯстии абадӣ” бо Туркманистон, созишномаҳои нақлиётӣ ва роҳи оҳан бо Қирғизистон, барномаи стратегии ҳамкорӣ то соли 2030-и ин кишвар аст.

Ин меъмории нави ҳамкорӣ ба бозорҳо шаффофият ва пешбининашавандагӣ мебахшад, ки афзоиши савдо ва эътимоди сармоягузориро таъмин мекунад.

Ҳамгироии борзорҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон

Муносибати ҳуқуқ-логистика-тиҷорат миёни Ӯзбекистон ва Қазоқистон пурра фаъол мебошад. Дар моҳи январ – августи соли 2025 гардиши мол миёни ин ду кишвар ба 3, 03 миллиард доллар расид.

Дар нишасти комиссияи байниҳукуматӣ ва Форуми Самарқанд лоиҳаҳо ба маблағи беш аз 7 миллиард доллар тасдиқ гардид. Дар Ӯзбекистон беш аз 1100 корхона бо сармояи қазоқӣ фаъолият доранд. Дар ҳоле, ки дар Қазоқистон тақрибан 5500 корхона бо ширкати сармояи ӯзбекӣ сабт шудаанд. Ин ҳамгироӣ занҷираи ягонаи иқтисодӣ аст.

Ӯзбекистон-Тоҷикистон пули тиҷорат ва сармоягузорӣ

Сиёсати нақлиёт ва тарофаҳо равандҳои ҳамгироиро суръат мебахшад. Дар соли 2025 содироти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон афзоиши дурақамиро нишон дод. Транзити роҳи оҳан бо имтиёзҳои то 55% идома дорад ва ҳаҷми умумии боркашонӣ дар соли 2024 тақрибан 10 миллион тонна буд.

Парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Тошканд барқарор шудаанд. Дар ҳафта 4 парвоз сурат мегирад. Инчунин, қатори мусофирбар низ фаъол шудааст. Ширкати муштараки сармоягузории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо сармояи 100 миллион доллар пули истеҳсолоти муштаракро ташкил медиҳад.

Ӯзбекистон-Туркманистон. Каридори Шарқ- Ғарб ва Шимол-Ҷануб

Соли 2024 гардиши мол миёни ду кишвар аз 1,14 миллиард доллар гузашт, воридоти захираҳои энергетикӣ бо суръат афзоиш ёфт. Минтақаи савдои марзии Шавот Дашоғуз ташаккул меёбад, ҳаҷми умумии боркашонӣ 1,11 миллион тоннаро ташкил дод.

Таъмири локомотивҳои туркманӣ дар шаҳри Андиҷон намунаи ҳамкории саноатӣ аст. Дар Ӯзбекистон тақрибан 200 корхона бо сармояи туркманӣ фаъол аст. Аз истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва мебел то нассоҷӣ ва кишоварзӣ.

Чорчӯби ҳамкориҳои стратегии Ӯзбекистон-Қирғизистон

Шарикии ҳамаҷониба ва барномаи ҳамкорӣ то соли 2030 харитаи роҳи нав барои соҳибкоронро фароҳам кард. Дар моҳҳои январ-августи соли 2025 гардиши мол ба наздики 600 миллион доллар расид (13 %). Содироти Ӯзбекистон ба Қирғизистон афзоиш ёфт, воридот аз Қирғизистон бошад аз се як ҳисса бештар шуд.

Ин амал рушди ҳамкориҳои иқтисодиро тақвият бахшид. Дар ибтидо дар соли 2025 интиқоли роҳи оҳан афзоиши дурақамӣ нишон дод, содироти маҳсулоти ӯзбекӣ ба Қирғизистон тақрибан 80% бештар шуд. Шурои минтақаҳои марзӣ ва формати Форуми минтақа низ фаъол гардид.

Чӣ гуна қоидаҳо ба рушд табдил меёбанд?

Рушди минтақа фақат ба рақамҳои савдо вобаста нест, қоидаҳои бозӣ нақши муҳим доранд. Бо Қазоқистон протоколи МОИ (Минтақаи озоди иқтисодӣ) дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил амал мекунад, ки таҷрибаи миллии ҳамгироиро месозад.

Бо Қазоқистон протоколи МОИ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил амал мекунад, ки таҷрибаи миллиро месозад.

Бо Тоҷикистон эъломияи соли 2022 оғоз кардани лоиҳаҳои муштаракро осон кард. Бо Туркманистон созишномаҳои вобаста ба каридорҳои Шимол-Ҷануб ва Шарқ-Ғарб аҳамияти стратегӣ доранд.

Бо Қирғизистон беш аз 200 шартнома хароҷоти транзаксиониро коҳиш дода, барномаҳои то соли 2030 ва монеаҳои мавҷударо аз байн мебарад.

Хулоса

Имрӯз дар Осиёи Марказӣ ҳамзистии стратегии лоиҳаҳои амалкунанда ва бозорҳои рӯ ба рушд аст. Ҳамкориҳои Ӯзбекистону Қазоқистон ва форумҳо бо бастани миллиардҳо доллар барои ширкатҳои хориҷӣ имкониятҳои нав фароҳам мекунад. Аз таъсиси кластерҳои муштарак то истеҳсоли маҳаллӣ ва хидматрасонии саноатӣ.

Дар ин ҷо талаботи бузург ба таҷрибаҳои пешрафта дар соҳаи энергетика, саноат, нақлиёт, сертификатсия, логистикаи рақамӣ ва дигар бахшҳо эҳсос мешавад.

Осиёи Марказӣ аз география ба иқтисод мегузарад. Қоидаҳои ҳамгироӣ, каридорҳои нақлиётӣ, афзоиши сармоягузорӣ ва шаклҳои нави ҳамкориҳои минтақавӣ онро ба маркази нави қувваи авруосиёӣ табдил медиҳанд.

Русия, ки бо рӯзномаи прагматикӣ ба нишаст меояд, метавонад ҳамкориҳои дарозмуддатро дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва хизматрасониҳои рақамӣ мустаҳкам созад. Мисол, Ӯзбекистон нишон медиҳад, ки чӣ гуна заминаи ҳуқуқӣ, комиссияҳои байниҳукуматӣ ва қарорҳои дуҷониба ба афзоиши устувори иқтисодӣ мусоидат мекунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.