27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:53, Душанбе
07.10.2025 14:28

Душанбе: Манъи фаъолияти электроскутерҳо ва электросамокатҳо

Рондани электросамокатҳо ва электроскутерҳо то соли 2030 муваққатан манъ карда шуд.

Тавре "Паёми Душанбе" хабар медиҳад, дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, фаъолияти электросамокатҳо, электроскутерҳо ва дигар воситаҳои сайёри инфиродӣ, ба истиснои воситаҳои сайёри инфиродии ба қайди давлатӣ гирифташуда дар роҳҳои автомобилгард ва пиёдагарди ҳудуди шаҳри Душанбе, ба ғайр аз ҷойҳои махсусгардонидашуда то соли 2030 муваққатан манъ карда шуд.

Ҳадаф аз ин тасмим бенизом будани фаъолияти электросамокатҳо ва электроскутерҳо, зиёд шудани садамаҳо бо иштироки онҳо ва халал расондан ба ҳаракати муътадили воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон, риоя накардани талаботҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ, инчунин ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард то фароҳам овардани шароити мусоиди инфрасохтори зарурӣ мебошад.

Аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо иштироки ронандагони скутерҳо ва худравҳои барқӣ (самокат) 26 ҳолати садамаҳои нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи чунин қоидавайронкуниҳои дағалонаи ҳаракати роҳ, мутаассифона, 3 нафар ҷон бохта, 24 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Чанде пеш Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе “Амалиёти мақсадноки дучархарон “-ро роҳандозӣ намуд, ки дар натиҷаи ин амалиёт нисбати зиёда аз 200 ронандагони дучархаю серчарха ва скутеру худравонакҳои барқӣ протоколҳои ҳуқуқ вайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, воситаи нақлиёти онҳо ба майдончаи ҷаримавии шуъбаи БДА РВКД дар шаҳри Душанбе барои бартараф кардани камбудиҳо дастрас карда шуданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.