Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Эрон: 46 сол дар таҳрим ҳастем, “механизми моша” чизи хосе нест
Воиз Оштиёнӣ, узви Ҳизби мутаолифаи исломӣ дар суҳбат бо расонаҳои эронӣ гуфт, ки талошҳо барои музокира бо Трамп дар ҳоле сурат мегирад, ки ӯ худ бозичаи дасти касонест, ки низоми сиёсӣ ва иқтисодии Амрикоро идора мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, ин гурӯҳ бо тақаллуб дар интихоботи президентӣ шахси дилхоҳи худро ба Кохи сафед бурд, то битавонад ба воситаи ин чеҳраи ҷанҷолӣ низоми байналмилалиро вайрон кунад.
“Барои ҳама маълум аст, ки панҷ даври музокироти ҷаноби Ироқчӣ бо Уиткофф бенатиҷа буд ва амрикоиҳо аз аввал медонистанд, ки ин музокирот фақат намоиш аст, то ҳуши Ҷумҳурии Исломӣ парешон шавад ва Бенямин Нетаняҳу битавонад заминаи ҳамлаи низомӣ ба Эронро омода созад. Албатта, ин худи Трамп буд, ки ба Нетаняҳу дастури ҳамла дод ва вақте сустии Исроилро дид, дар рӯзҳои ахир ба кумаки ӯ омад.”
Ин сиёсатмадори эронӣ афзуд: “Агар хоҳем ба воситаи Амрико таҳримҳоро бардорем, оромиш ёбем, иштибоҳ мекунем, ки хисороташ ҷуброннопазир хоҳад буд, зеро дар музокирот бо Амрико бояд имтиёз диҳем, на ин ки интизори гирифтани имтиёз бошем.
Мо дар тӯли 46 сол дар зери таҳрим ҳастем ва ин комилан дуруст аст. Дар хусуси “механизми моша” ҳам бояд гуфт, ки “Снап-бак” шаш банд дорад, ки ба фаъолияти атомӣ ва хариду фурӯши силоҳ вобаста аст ва дигар ин ки кишвараҳо ҳаққи муомила бо моро надоранд”.
Воиз Оштиёнӣ гуфт, мутассифона бархе расонаҳои дохилӣ ҳамсадо бо расонаҳои амрикоӣ ва исроилӣ ҷанги равониро ба роҳ мондаанд, ки гӯё кишвар ба вартаи фурӯпошӣ меравад. Дар ҳоле ки чунин нест ва ҳич мушкили нав ба мушкилоти пешин илова нахоҳад шуд ва зиндагии мардум фалаҷ намегардад.
“Онҳое, ки мегӯянд, кишвар фурӯ пошидааст, сиёҳнамоӣ ва ҷанги равониро пеш мебаранд. Кишвар ҳич фурӯ напошидааст ва ҳама умур бо равиши табиӣ идома доранд. Дар воқеъ, номутавозинии бархе бахшҳо ва бесалоҳиятии идорӣ ба таҳримҳо рабте надорад. Агар одамон дар маснад нишастаанд, ки аз масъулияти худ огоҳ нестанд, ин чӣ рабте ба таҳрим дорад? Магар заминҳои кишти мо дар амрикоянд, ки наметавонем дар соҳаи кишоварзӣ амал кунем? Барои истеҳсоли биринҷ кадом маводи лозимро бояд аз хориҷ ворид кунем? Агар давлат пеши роҳи чопи беқоидаи пул ва болоравии қурби асъорро бигирад, бисёр мушкилоти иқтисодӣ ҳал хоҳад шуд” – таъкид намуд Воиз Оштиёнӣ.
Воиз Оштиёнӣ дар фарҷоми суханрониаш ёдовар шуд, то вақте ки интихоб ва таъйини вазирон ва мудирон бар асоси қабилагароӣ ва хешутаборбозӣ сурат гирад, корҳо ҳамин гуна нодуруст идома хоҳанд ёфт.
“То вақте ки интихоб ва таъйини вазирон ва мудирон бар асоси “қабилагароӣ” ва хешутаборбозӣ сурат мегирад, корҳо ҳамин гуна нодуруст идома хоҳанд ёфт” – гуфт Воиз Оштиёнӣ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”