27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
07.10.2025 08:58

Дар Донишгоҳи омӯзгорӣ маркази омӯзиши забони кореягӣ боз шуд

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ рӯзи 6-уми октябр Маркази забони кореягии назди Донишгоҳи миллии Чонбуки Ҷумҳурии Корея ифтитоҳ шуд.

Ин марказ дар доираи созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи давдатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи миллии Ҷонбук таъсис дода шуд.

Созишномаи ҳамкорӣ аз ҷониби ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода ва Президенти Донишгоҳи миллии Ҷонбук О-Бонг Янг имзо шуд. Созишнома самтҳои асосии ҳамкориҳои зеринро дар бар мегирад, аз ҷумла доир кардани конфронсҳои байналмилалии муштарак, ташкил намудани курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон, мубодилаи академӣ миёни донишҷӯён ва устодон, густариш додани ҳамкориҳои ояндаи таълимӣ ва илмӣ.

Профессор Аҳлиддин Ибодуллозода дар ҷараёни ифтитоҳи Марказ таъкид намуд, ки он қадами муҳим дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошад. Ӯ афзуд, ки донишҷӯёни тоҷик имкониятҳои беҳтарин барои омӯхтани забони кореягӣ ва шиносоӣ бо фарҳанги Ҷумҳурии Корея хоҳанд дошт.

Аз тарафи худ О-Бонг Янг таъкид кард, ки ҳамкории донишгоҳӣ на фақат маҳорати забонӣ, балки мустаҳкам кардани пайвандҳои дӯстиву фарҳангии миёни халқҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кореяро тақвият мебахшад.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.