Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Меваҳои хушки Тоҷикистон дар намоишгоҳи Олмон муаррифӣ мешавад
13 корхонаи коркарди меваҳои хушк аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бузургтарин намоишгоҳҳои байналмилалии маҳсулоти ғизоии “Anuga 2025”, ки аз 4 то 8-уми октябр дар шаҳри Кёлни Олмон доир мешавад, ширкат мекунанд. Дар ин хусус, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Иштироки истеҳсолкунандагони тоҷик дар доираи лоиҳаи Маркази байналмилалии савдо таҳти унвони “Пешбурди савдо дар Шарқ: кишварҳои Балкан ва Осиёи Марказӣ”, ки аз сӯи Swiss Cooperation — Tajikistan маблағгузорӣ мешавад, ба роҳ монда шудааст. Ин ташаббус дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, ҳамчунин, барнормаҳои UNDP Aid for Trade (AfT) ва LITACA амалӣ мегардад.
Намоишгоҳи байналмилалии Anuga яке аз майдонҳои бонуфузтарини ҷаҳонӣ барои пешниҳоди маҳсулоти озуқаворӣ ва барқарор кардани робитаҳои тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад. Иштирок дар он ба корхонаҳои тоҷик имкон медиҳад, ки маҳсулоти табиии худро муаррифӣ кунанд, шарикии нав барқарор созанд ва бо равандҳои ҷаҳонӣ аз наздик шинос шаванд.
Дар гӯшаи миллӣ (стенди Тоҷикистон) меҳмонон метавонанд бо навъҳои мухталифи меваҳои хушкшудаи Тоҷикистон шинос шаванд ва аз маззаи табиӣ ва нотакрори онҳо баҳра баранд. Тибқи интизорӣ, ин маҳсулот таваҷҷуҳи харидорону сармоягузорони эҳтимолиро ҷалб хоҳад кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”