Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Санҷиши аввали сармураббии нав. Тими миллӣ бо мунтахаби Малдив рақобат мекунад
Тими миллии Тоҷикистон дар доираи даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо мунтахаби Малдив рақобат мекунад.
Вохӯрии мазкур 9-уми октябр, соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мегардад.
Бояд гуфт, ки вохӯрӣ бо тимии миллии Малдив нахустин бозии тими миллӣ бо роҳбарии сармураббии нав Горан Стеванович мебошад.
Гуфта мешавад, ки довари марказии вохӯрии мазкур довари ФИФА Зайниддин Алимов таъин гардаааст. Ба ӯ дар хат ёварони довари ФИФА Нураалӣ Абдунабиев ва Абдуғанӣ Абдукаримов кумак мекунанд. Довари ФИФА Санҷар Жакипбеков ба ҳайси чаҳорумин ҳакам кор мекунад.
Ёдовар мешавем, ки тими миллии Тоҷикистон дар доираи якуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо мунтахаби Тимори Шарқӣ бозӣ карда, бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда буд. Инчунин, дидори футболбозони тоҷик бо мунтахаби Филиппин бо ҳисоби 2:2 ба анҷом расида буд.
Ҳоло дар гурӯҳи «А» Филиппин ва Тоҷикистон бо 4 имтиёзӣ дар зинаҳои якум ва дуюм қарор гирифта, Тимори Шарқӣ бо 3 имтиёз дар зинаи сеюм ва Малдив бидуни имтиёз дар зинаи чорум аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”