Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Вазорати маориф ва илм
6-уми октябр ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фаъолияти вазорат дар нуҳ моҳи соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар медиҳад, вазорат фаъолияти худро дар нуҳ моҳи сипаришудаи соли ҷорӣ ҷамъбаст намуда, дар заминаи татбиқи самараноки сиёсати маорифпарваронаи Роҳбарияти Олии кишвар амалӣ намудани қонунҳои соҳавӣ, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ як қатор корҳои назаррасро анҷом додааст, ки ҳар кадоме дар баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, такмили инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ ва фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ нақши муассир гузоштанд.
Раҳим Саидзода, вазири маорифи кишвар зимни ҷасала иброз намуд, ки дар баробари ҳамаи дастовардҳо, ба масъалаҳои таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони ботаҷрибаву дорои тахассус, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ ба кабинетҳои фаннӣ, таъмини хонандагон ба китобҳои дарсӣ, иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои олии касбӣ, омодагии пурра ба мавсими тирамоҳу зимистонгузаронии солҳои 2025-2026 ва ғайраҳо диққати махсус зоҳир карда шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”