Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
UFC 320: Як чемпион камарбандашро ҳимоя карду дуюмӣ бохт
Дирӯз, 5-уми октябр дар Амрико мусобиқаи UFC 320 баргузор гашт, ки дар он ду муҳорибаи унвонӣ барои камарбанди чемпионӣ буд.
Дар муҳорибаи асосии мусобиқа чемпиони вазни нимвазнин Магомед Анкалаев бо довталаб ва собиқ чемпиони ҳамин вазн Алекс Перейра рақобат кард. Муҳориба дар дуюм дақиқаи раунди якум ба охир расид. Алекс Перейра чемпионро тариқи накаути техникӣ мағлуб карда, камарбанди чемпиониашро дубора баргардонд.
Бояд гуфт, ки аксар ба ғалабаи Магомед Анкалаев бовар доштанд. Ин ду размкор моҳи марти соли равон муҳориба гузаронида буданд, ки он ба фоидаи варзишгари доғистонӣ ба анҷом расида буд.
Дуюм муҳорибаи асосии мусобиқаи мазкур миёни чемпиони вазни то 62 кило Мераб Двалишвили ва довталаб Кори Сендхаген гузашт.
Муҳорибаи мазкур 5 раунд давом ёфта, бо қарори якдилонаи доварон Мераб Двалишвили ғолиб омад ва бори сеюм камарбанди чемпиониашро ҳимоя кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”