Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сулҳ дари Ғаззаро мекӯбад. Ҳамос посухи мусбат дод. Трамп хоҳони қатъи бомбаборон дар Ғазза аст
Посухи мусбати гурӯҳи Ҳамос дар мавриди қабули тарҳи сулҳи Доналд Трамп барои Навори Ғазза мавриди истиқболи кишварҳои минтақаву ҷаҳон воқеъ шуд. Дар айни ҳол, посухи мусбати Ҳамос боиси ғофилгирӣ ва ихтилофот дар доираҳои сиёсии Исроил шудааст.
Бар хилофи тасаввури Бенямин Нетаняҳу гурӯҳи Ҳамос ба усули куллии тарҳи Трамп посухи мусбат дода, омодагии худро барои раҳоии ҳамаи зиндониён изҳор дошт. Ин вокуниши мусбати Ҳамос ба истиқболи бисёре аз роҳбарони кишварҳои Ховари Миёна рӯ ба рӯ шуд.
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп дар шабакаи иҷтимоӣ ба вокуниши Ҳамос дар мавриди қабули тарҳи сулҳи Ғазза ҷавоб доду навишт: “Мо ҳоло дар ҳоли баҳс бар сари ҷузъиёт ҳастем, ки кор ба рӯи онҳо лозим аст”.
“Исроил фавран бояд бомбаборон дар Ғаззаро қатъ кунад, то тавонем асирони исроилиро бо амният ва суръат хориҷ кунем” – ҳушдор дод Доналд Трамп.
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъкид намуд, ки “масъала ба Ғазза вобаста намешавад, балки ба сулҳи дерпо дар Ховари Миёна низ вобаста мебошад”.
“Мехоҳам аз кишварҳое, ки дар мавзуи Ғазза кумак кардаанд, аз ҷумла Қатар, Туркия, Арабистони Саудӣ, Миср, Урдун ва дигарон ташаккур кунам” – гуфт Доналд Трамп.
Ӯ гуфт, “имрӯз рӯзи бузург аст ва хоҳем дид, ки корҳо чӣ гуна пеш хоҳанд рафт. Мо бо шавқ интизори бозгашти асирони исроилӣ ба назди оилаҳояшон ҳастем. Имрӯз рӯзи бисёр махсус ва шояд, аз бисёр ҷиҳат, бесобиқа мебошад.
Аз кишварҳои бузурге, ки дар мавриди Ғазза кумак кардаанд, ташаккур мекунам ва мо ҳимоятҳои зиёд дарёфт кардем. Ҳама дар орзуи хатми ҷанг ва дидани сулҳ дар Ховари Миёна буданд ва мо бисёр ба таҳаққуқи ин амр наздик ҳастем”- зикр кард Доналд Трамп.
Вокуниши Кохи сафед
Ин иқдом чанд дақиқа баъд аз он рӯй дод, ки Каролин Левит, сухангӯи Кохи сафед эълон намуд, ки “президент Трамп барои қабул кардани тарҳи худ аз ҷониби гурӯҳи Ҳамос посухи мусбат хоҳад дод”.
Линдси Грэм низ дар вокуниш ба посухи Ҳамос ба ин тарҳ изҳори таассуф намуда, гуфт: “посухи Ҳамос ба тарҳи Трамп барои хатми ҷанг, ки Исроил онро қабул намудааст, қобили пешбинӣ буд ва посухи классикие аз навъи “бале, аммо, бо аммо ва агар ҳамроҳ” аст. Линдси Грэм гуфт, “асосан ин гуна посухгӯии Ҳамос, дар воқеъ, мухолифати ин гурӯҳ бо тарҳи Трамп аст”.
Британияи Кабир
Кир Стармер, Сарвазири Англия бо истиқбол аз мавқеи ахири гурӯҳи Ҳамос дар қиболи лоиҳаи сулҳи пешниҳоднамудаи Доналд Трамп онро як фурсати таърихӣ барои минтақа донист. Ӯ гуфт, “мувофиқати Ҳамос ба тарҳи сулҳи Амрико як қадами муҳим ба пеш аст”.
“Мо қатъан аз талошҳои Президент Трамп ҳимоят мекунем. Ин талошҳо моро беш аз ҳар замони дигар ба сулҳ наздик кардааст.”- гуфт Сарвазири Британияи Кабир.
Сарвазири Британияи Кабир таъкид намуд, ки ҳоло фурсати поён додан ба даргириҳо, бозгашти асирон ва ирсоли кумак ба Ғазза фароҳам шудааст.
Ӯ гуфт: “Аз ҳама ҷонибҳо мехоҳем, ки бидуни таъхир тарҳи Трампро иҷро намоянд”.
Ҷумҳурии Фаронса
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон низ дар ин хусус гуфт “тааҳҳуди Ҳамос бояд бидуни таъхир иҷро шавад ва мо ҳоло фурсате барои дастёбӣ ба пешрафти қотеъ ба сӯи сулҳро дар ихтиёр дорем”. Президенти Фаронса гуфт: “Ман аз Президент Доналд Трамп ва тими ӯ барои талошҳои сулҳ ташаккур мекунам”.
“Озодии ҳамаи асирони исроилӣ ва оташбас дар Ғазза дар дастрас аст” – гуфт Эммануэл Макрон.
Сарвазири Олмон
Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон афзуд, ки “ин беҳтарин фурсат барои таҳаққуқи сулҳ дар Ғазза аст”.
Колумбия
Густаво Петро, Президенти Колумбия таъкид кард, ки “бо Трамп дар мавриди созиш барои қатъи наслкушӣ дар Ғазза мувофиқ ҳастам”.
Туркия
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Президенти Туркия таъкид намуд, ки “посухи Ҳамос ба тарҳи оташбас дар Ғазза қадами созанда ва муҳим дар роҳи дастёбӣ ба сулҳи пойдор аст.
“Коре, ки ҳоло бояд анҷом дода шавад, ин аст, ки Исроил фавран тамоми ҳамлаҳои худро қатъ намуда, ба тарҳи оташбас мутааҳҳид шавад”- гуфт Президенти Туркия.
Президенти Туркия афзуд, ки бояд бидуни таъхир, тамоми иқдомҳо барои расондани кумакҳои башардӯстона ба Ғазза ва таҳаққуқи сулҳи доимӣ анҷом дода шавад.
Рӯзе қабл низ Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия гуфт, посухи Ҳамос ба тарҳи Президент Доналд Трамп имкони суръат бахшидан ба оташбаси фаврӣ дар Навори Ғазза, таъмини вуруди кумакҳои башардӯстона ва дастёбӣ ба сулҳи пойдорро фароҳам мекунад.
“Исроил бояд фавран ҳамлаҳои худ бар зидди сокинони Ғаззаро қатъ кунад ва мо аз ҷонибҳо мехоҳем, ки бидуни таъхир музокиротро оғоз кунанд, то ба барқарории оташбас боис шавад”- гуфт Раҷаб Тайиб Эрдуғон.
Голандия
Вазири корҳои хориҷии Голандия гуфт: “Ба сурати муҳтоҷона хушбин ҳастам ва ба назар меояд, Ҳамос омода аст, то асирони Исроилро озод кунад ва дар музокироти мустақим дар хусуси тарҳи сулҳи Трамп ширкат кунад”.
Австралия
Вазири корҳои хориҷии Австралия таъкид кард, ки озодии асирони исроилӣ ва оташбас дар дастрас аст ва чунин афзуд: “Мо омодаи ширкат дар ин раванд ҳастем.
Аз Трамп ва тими ӯ барои тааҳҳуд ба сулҳ ва аз Қатар, Миср, Арабистони Судӣ ва Фаронса низ ба хотири талошҳояшон дар ин масир ташаккур ва қадрдонӣ мекунем.”
Италия
Ҷорҷиа Мелонӣ, Сарвазири Италия дар вокуниш ба таҳаввулоти тарҳи сулҳи пешниҳодкардаи Доналд Трамп ва вазъияти Ғазза ба ҳимояти Рим аз ин талошҳову зарурати барқарорсозии оташбас таъкид кард ва афзуд: “Таҳаввулоти Ғаззаро аз наздик пайгирӣ ва ҳимояти комили худ аз талошҳои Президент Трамп барои барқарорсозии сулҳ дар Ховари Миёнаро тасдиқ мекунам”.
Австралия
Энтони Албаниз, Сарвазири Австралия дар вокуниш ба мувофиқати усулии гурӯҳи Ҳамос бо тарҳи сулҳи пешниҳодкардаи Доналд Трамп барои Ғазза ба ҳимояти Канбера аз талошҳо барои поён додан ба ҷанг таъкид кард.
“Аз пешрафт дар тарҳи Президент Трамп барои барқарор сохтани сулҳ дар Ғазза истиқбол мекунем” – гуфт Энтони Албаниз.
“Бори дигар, дархости худ аз Ҳамосро такрор мекунам, то ин гурӯҳ бидуни таъхир, бо тарҳи Трамп вобаста ба таслими силоҳ ва озодии асирони боқимондаи исроилӣ мувофиқат кунад” – гуфт Энтони Албаниз.
Ирландия
Сарвазири Ирландия бо истиқбол аз таҳаввулоти ахир изҳори умедворӣ кард, ки ин иқдомҳо боиси поён ёфтани ҷангу хунрезӣ дар Навори Ғазза мешавад.
“Умедворам эълони Ҳамос вобаста ба озодии асирони боқимонда роҳро барои оташбаси фаврӣ ва ҷараёни кумакҳо ба Навори Ғазза ҳамвор кунад” – таъкид кард Сарвазири Ирландия.
Нетаняҳу аз тарҳи сулҳи Трамп ғофил шуд
Расонаҳои исроилӣ навиштанд, ки Бенямин Нетаняҳу, Сарвазири ҷангталаб аз тарҳи сулҳи Доналд Трамп ғофилгир шудааст. Бахусус, ҳимояти мухолифон аз тарҳи сулҳ Бенямин Нетаняҳуро ғофилгир кардааст.
Як масъули исроилӣ ба хабаргузории «Аксиос» («Axios») гуфт, Бенямин Нетаняҳу аз посухи мусбати Ҳамос ғофилгир шудааст. Ба гуфтаи масъули исроилӣ Бенямин Нетаняҳу қабл аз оғози музокирот ва пешниҳоди тарҳи сулҳ бовар надошт, ки Ҳамос ба ин пешниҳод посухи мусбат диҳад.
“Нетаняҳу зарурати ҳамоҳангӣ бо амрикоиҳоро таъкид намуд, то итминон ҳосил кунад, ки ин тасаввур, ки Ҳамос ба тарҳи сулҳ посухи мусбат додааст, тасдиқ нашавад” – гуфт масъули исроилӣ.
Ӯ афзуд, ниҳодҳои техникӣ, ки дар ҳоли расидагӣ ба парвандаи асирони исроилиянд, посухи Ҳамосро мусбат арзёбӣ карда, онро роҳе барои расидан ба созиш медонанд.
Роҳбари мухолифони ҳукумати Нетаняҳу
Дар ин миён Яир Лапид, роҳбари мухолифони ҳукумати Исроил гуфт, “Трамп дар мавриди вуҷуди фурсати бесобиқа барои озодии боздоштшудагон ва поён додан ба ҷанг ҳақ дорад”.
“Исроил бояд эълон кунад, ки ба музокироти таҳти роҳбарии Трамп барои ниҳоӣ шудани ҷузъёти созиш мепайвандад” – гуфт роҳбари мухолифони Исроил Лапид.
Ба гуфтаи ӯ, ба кишвари Амрико бояд иттилоъ дод, ки Бенямин Нетаняҳу барои пешбурди ин муомила аз ҳимояти сиёсӣ бархӯрдор аст. Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти Бенямин Нетаняҳу гуфт, Исроил омодаи иҷрои фаврии марҳилаи аввали тарҳи Трамп барои озодии асирон аст.
Дафтари Бенямин Нетаняҳу, Сарвазири Исроил дар вокуниш ба эълони созиши усулии гурӯҳи Ҳамос ба тарҳи сулҳи пешниҳодкардаи Доналд Трамп, мавқеи Тел-Авив барои иҷрои ин тарҳро эълон кард.
“Исроил дар сояи посухи мусбати Ҳамос барои иҷрои фаврии марҳилаи нахусти тарҳи Трамп барои озодии асирони исроилӣ омода мешавад” - таъкид кард дафтари матбуоти Сарвазири Исроил.
Дар изҳороти дафтари матбуоти Сарвазири Исроил, аз ҷумла чунин зикр шудааст: “Ба ҳамкории комил бо Доналд Трамп ва тими ӯ, барои поён додан ба ҷанг, бар асоси усуле, ки Исроил мушаххас кардааст, идома хоҳем дод”.
Вокуниши созмони асирони исроилӣ дар Ғазза
Созмони оилаи асирони исроилӣ дар Ғазза низ бо нашри изҳорот ба ҳимояти худ аз талошҳои Доналд Трамп таъкид кард. Онҳо бо нашри як изҳорот гуфтанд, ки аз пофишории Президент Трамп барои талоши боз гардондани ҳамаи асирони исроилӣ ва поён додан ба ҷанг ҳимоят мекунанд.
“Пешниҳоди Президент Трамп барои қатъи фаврии ҷанг ва барои пешгирӣ аз осеб дидани ҷони асирони исроилӣ зарурӣ мебошад” – зикр шуд дар изҳороти ин созмон.
Оилаи асирони исроилӣ таъкид кард, ки “Нетаняҳу бояд дастурҳои фаврӣ барои оғози музокироти муассир ва сареъ барои бозгашти асирони исроилиро содир кунад”.
Хабаргузории исроилии “Валла” дар ин хусус таҳлил кард, ки “посухи Ҳамос ҳоло тӯбро ба замини Президент Трамп андохтааст”. Ҳама дар ҳоли риск аст, чун Трамп дигар барои “бозиҳои бештар” омода нест.
Ба навиштаи “Валла” “он чи Ҳамос бо ин изҳорот анҷом дод, дар воқеъ, талош барои вақткушӣ ва фиреби ҳамагон” аст.
Вокуниши СММ, Қатар ва Миср ба посухи Ҳамос
Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои миёнрав низ бо истиқбол аз мавқеи Ҳамос хостори истифода аз ин фурсат барои поён додан ба ҷанг шуданд.
Антонио Гутерриш, Дабири кулли Созмонии Милали Муттаҳид низ дар ин хусус, бо изҳори хушнудӣ аз посухи Ҳамос аз ҳама ҷонибҳо хост, ки ин фурсатро барои поён додан ба ҷанг дар Ғазза муҳим ҳисоб кунанд.
Қатар
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Қатар дар ин бора гуфт “мо аз эълони созиши гурӯҳи Ҳамос ба пешниҳоди Трамп барои поён додан ба ҷанги Ғазза истиқбол мекунем”.
“Мо аз омодагии Ҳамос барои озод намудани ҳама асирони исроилӣ дар қолаби формулаи табодули пешниҳодшуда истиқбол мекунем” – гуфт сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Қатар.
Вазорати корҳои хориҷии Қатар ҳамчунин, таъкид намуд: “Мо иқдомҳои худро бо шарикони миёнрави худ дар Миср бо ҳамоҳангии Амрико барои такмили баҳсҳои вобаста ба тарҳи сулҳ дар Ғазза оғоз кардаем”.
Миср
Вазорати корҳои хориҷии Миср низ дар вокуниш ба посухи Ҳамос бо қадрдонӣ аз ин иқдоми мувофиқати Фаластин гуфт: “Умедворем ҳама ҷонибҳо ба масъулияти худ амал карда, тарҳи Трамп барои поёни додан ба ҷангро амалӣ кунанд.
Мо ҳадди аксари талоши худро барои ҳамоҳангии кишварҳои арабӣ, исломӣ ва Амрико барои барқарории оташбаси доимӣ ба кор хоҳем бурд.”
Аз як сӯ, як сарчашмаи огоҳи мисрӣ ба шабакаи хабарии “Ал-Қоҳира, Ал-Ахбория” гуфт “дар ҳоли ҳозир тадорукоти лозим барои оғози гуфтугӯи фаластинӣ ва исроилӣ дар ҷараён аст.
Ин сарчашмаи огоҳ, ки ба номаш ишора нашудааст, афзуд “ҳамчунин, муқаддимоти баргузории як гуфтугӯи ҷомеъи фаластинӣ дар ҳоли анҷом аст, ки ҳадаф аз он баҳсу баррасӣ дар хусуси ояндаи Навори Ғазза хоҳад буд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”