27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
06.10.2025 11:27

Чаро Трамп мехоҳад дубора Пойгоҳи Багром дар Афғонистонро соҳиб шавад?

Афғонистон дубора дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт, баъд аз он ки Доналд Трамп чандин бор гуфт, ки мехоҳад Пойгоҳи ҳавоии Багромро ба даст орад.  Суоли ҷиддӣ ин аст, ки Амрико чаро дубора ба Пойгоҳи Багром таваҷҷуҳ зоҳир кард ва ҳадафи ин кишвар аз ба даст овардани он дар чӣ аст?

Бархе расонаҳои афғонистонӣ бидуни ишора ба манбаи расмӣ гузориш доданд, ки неруҳои низомии Амрико аллакай вориди Пойгоҳи Багром шудаанд.  Толибон чанде қабл аз сокинони атрофи Пойгоҳи Багром хостанд, ки атрофи ин пойгоҳро холӣ кунанд. Ин дастури Толибон шубҳаҳо дар мавриди вуруди неруҳои хориҷӣ ба пойгоҳи Багромро бештар кардааст. Ҳарчанд бархе расонаҳо аз ворид шудани неруҳои низомии Амрико ба Пойгоҳи Багром хабар доданд, вале ҳанӯз ин иттилоъ на аз ҷониби Амрико ва на аз ҷониби худи Толибон расман тасдиқ нашудааст.

Багром: муаммо ё суоли дардовар барои Амрико

18-уми сентябри соли ҷорӣ Трамп дар вақти мулоқот бо сарвазири Британияи Кабир Кир Стармер изҳор дошт, ки Пойгоҳи Багром бояд ба Амрико вогузор шавад. Ӯ рӯзи 29-уми сентябр дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоӣ навишт: “Агар Афғонистон Пойгоҳи ҳавоии Багромро ба онҳое ки онро бунёд кардаанд, -Амрико - бар нагардонад, оқибатҳои бад рӯй медиҳанд”. Ӯ ин суханонро бо услуби худ, бо лаҳни таҳдидомез, баён кард.

Гурӯҳи террористии Толибон, ки ҳокими Афғонистон аст, ба ӯ посухи рад дод. Мақомоти Толибон гуфтанд, бар асоси созишномаи Давҳа, ИМА уҳдадор шудааст, ки ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат накунад. Дар ҳамин ҳол, вазири дифои Афғонистон Муҳаммад Яъқуб Муҷоҳид гуфт, ки агар Амрико кӯшиш кунад, бо қувва назоратро бар пойгоҳ барқарор кунад, ин гурӯҳ омода аст, боз 20 соли дигар ҷангад. Сардори ситоди кулл, Қорӣ Фасеҳуддин Фитрат гуфт, ки “ҳатто як ваҷаб” замини Афғонистонро ба касе нахоҳанд дод.

Дар ин замина суол пеш меояд: чаро Трамп маҳз ҳоло ин мавзуъро матраҳ кард? Барои чӣ ба ӯ пойгоҳе лозим аст, ки Амрико моҳи августи соли 2021 тарк карда буд? Чаро ӯ нисбат ба Толибон бо лаҳни ҳушдоромез сухан мегӯяд?

Оё маълум нест, ки бо роҳи низомӣ ин кор имконпазир нест, Амрико дигар дубора дар Афғонистон ҷанг нахоҳад кард.

Ба ҳар ҳол, ҳар пойгоҳи низомиро фақат дар сурати доштани муносибати хуб бо кишвари мизбон ё зери назорат доштани он метавон ҷой дод. Ҳатто агар “Толибон” розӣ мешуданд, ки пойгоҳро диҳанд, таъмини он ниёз ба инфрасохтори мураккаб, бахусус дар масъалаи амният, дошт. Як пойгоҳе, ки дар Афғонистон аст ва аз дигар нуқтаҳои низомии Амрико хеле дур ҷойгир аст, мушкилро ҳал намекунад, балки баръакс суолҳои навро ба миён меорад.

Пеш аз ҳама, масъалаи рамзӣ будани даъвои Трамп ба пеш меояд. Барои амрикоиҳо хуруҷи саросемавори соли 2021 аз Афғонистон зарбаи сахт ба ғурури миллӣ буд. Худи Трамп дар маъракаи интихоботии худ борҳо ҳукуматдории Ҷо Байденро барои ин шадидан интиқод кард.

30-уми сентябр, зимни суханронӣ дар ҳузури генералҳои амрикоӣ дар Вирҷиния Доналд Трамп амалиёти эвакуатсияро “манзараи даҳшатовар” номид ва онро бо оғози низои Русия ва Украина рабт дод. Ба гуфтаи ӯ, “ин ҳамон чизе буд, ки Путинро ба амал водошт. Ӯ он амалиёти нокомеро дид, ки Байден ва гурӯҳи ноуҳдабарояш роҳандозӣ кардаанд”.

Бо вуҷуди ин, баъд аз хуруҷ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз хароҷоти бузурги нигоҳдории неруҳои низомӣ ва сохторҳои давлатӣ дар Афғонистон халос шуд. Масрафи солонаи он метавонист ба 8 – 10 миллиард доллар расад. Бо назардошти ҷанги Русия ва Украина сарфаи ин маблағҳо барои Амрико хеле муҳим буданд.

Аммо барои Трамп ин мавзуъ бештар рамзӣ аст: ӯ инро на хуруҷ, балки шикасти Амрико мешуморад. Барои сиёсатмадоре, ки ҳамеша аз “бузургии Амрико” ҳарф мезанад, ин мавзуъ бисёр дардовар аст. Ба ӯ, рамзҳои таъмини ин бузургӣ лозим аст. Зеро бозпас гардондани вазъият ғайримумкин аст, ҳатто зарурат надорад.

Ҷолиб он аст, ки 29-уми сентябр намояндаи гурӯҳи террористии “Толибон” Абдулматин Қонӣ гуфт, ки фаъолияти ДОИШ дар Афғонистон комилан қатъ шудааст. Ин суханон ба як навъ эҳтиёткорӣ монанд буданд. Пас аз изҳороти Трамп, онҳо дар Кобул ба хӯбӣ дарк карданд, ки беҳтараш пешакӣ худро амн нишон диҳанд.

Ҳарчанд сиёсатҳои Толибон аз меъёрҳои давлатдории муосир хеле дур аст, бахусус дар мавриди ҳуқуқи занон ва ақаллиятҳо, вазъият дар кишвар нисбатан устувор боқӣ мондааст. Толибон лоиҳаҳои бузурги иқтисодиро иҷро мекунанд, мисли сохтмони канали обёрии Қуштеппа дар ҳавзаи Омӯдарё.

Онҳо бо кишварҳои ҳамсоя қарордод мебанданд: бо Қазоқистон ва Ӯзбекистон роҳи оҳан месозанд, Туркманистон лӯлаи гази транс-Афғонистонро бунйд мекунад, Тоҷикистон барқ содир мекунад, тиҷорати Чин бо Афғонистон соли 2024 то 19% афзуд ва ба 1, 6 миллиард доллар расид.

Баёнияҳои холӣ ё нияти ҷиддӣ?

Дар чунин шароит изҳороти Трамп дар хусуси Багром суоли ҷиддӣ ба миён меорад: оё ин фақат як шиори рамзӣ аст ё дар он воқеан ниятҳои амиқтар вуҷуд доранд? Барои рамзӣ будан далел ин аст, ки Трамп борҳо изҳороти шадид додааст, ки оқибати амалӣ надоштаанд. Аммо, ҳамеша чунин набуд: масалан, ИМА дар Ҷанги 12-рӯзаи Исроил бар зидди Эрон зарба зад. Бо Толибон чунин роҳ ҳич натиҷаи мусбат намеорад.

Дар изҳороти худ 28-уми сентябр дар шаҳри Лондон Трамп яке аз сабабҳои асосии хоҳиши бозпас гирифтани пойгоҳро ҷойгиршавии он номид, “фақат як соат масофа, аз ҷое ки Чин ба истеҳсоли силоҳи атомӣ машғул аст”. Ӯ ба майдони озмоишии Лобнор дар Шинҷон ишора кард, ки дар он ҷо таҷрибаҳои атомии Чин сурат гирифта буданд. Вале иддао дар хусуси истеҳсоли силоҳи атомӣ дар он ҷо баҳсбарангез аст.

Ба эҳтимоли зиёд Трамп бо ин суханон мехоҳад дар чорчӯби рақобати геополитикӣ бо Чин фишор оварад, зеро аз оғози роҳбарии ӯ, муносиботи ду кишвар, бахусус дар соҳаи тиҷорат, пуртаниш аст. Изҳороти вобаста ба Багром бештар ба як абзори фишор дар музокироти душвор бо Чин мемонанд.

Чин имрӯз дар таъмини субот дар Афғонистон нақши бузург дорад. Ғайр аз кумакҳои моддӣ ва тиҷорат, муҳимтар аз ҳама, тамоми кишварҳои ҳамсояи Афғонистон узви Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд. Эрон низ соли 2023 ба он пайваст. Ин созмон имкон меиҳад, ки масъалаҳои ҳассос дар сатҳи олӣ баррасӣ шаванд.

Баъди хуруҷи Амрико аз Афғонистон нақши Чин ва кишварҳои ҳамсоя бештар шуд. Онҳо бо Толибон ҳамкорӣ доранд, ҳарчанд ҳукуматашонро расман эътироф накардаанд. Чин соли 2023 аввалин шуда, сафири нав таъйин кард, соли 2025, нахустин шуда Русия ҳокимияти Толибонро шинохт. Вале ин вазъияти умумиро дигар накард.

Нигоҳи эҳтиёткорона

Агар мавзуи Багром фақат як бахши рақобати Чин ва Амрико бошад, пас набояд интизори авҷ гирифтани ҷиддии вазъ дар атрофи Афғонистон бошем. Ин рақобат бештар ба соҳаи тиҷорат рабт дорад, ҳарчанд тиҷорат ҳамеша бо сиёсат дар пайванд аст.

Дар ҳар сурат, суханони Трамп боз хотиррасон кардани Афғонистонро мемонд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико то ҳол ба минтақа манфиат дорад, ҳарчанд пас аз соли 2021 зиёд аз “хуруҷаш” сухан мерафт. Бештари кишварҳо умед доранд, ки дигар ба рақобати бузурги геополитикӣ, мисли давраи Ҷанги сард барнамегардем, зеро дар чунин ҳолат бештар аз ҳама кишварҳое зарар мебинанд, ки дар хати муқобили манфиати қудратҳои ҷаҳонӣ қарор доранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.