27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:51, Душанбе
06.10.2025 10:50

Ҳазорон нафар ғарбгаро дар Гурҷистон даст ба тазоҳурот заданд

Дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон мухолифони ҳукумати феълӣ тазоҳурот намуда, Қасри президентро муҳосира намуданд. Дар ин тазоҳурот садҳо нафар ширкат карда ва талаб доштанд, ки натиҷаҳои интихоботи маҳаллӣ бекор карда шавад.

Дар ҳамин ҳол, чанд дақиқа қабл хабаргузории ТАСС –и Русия иттилоъ дод, ки тазоҳургарон дар шаҳри Тифлис – пойтахти Гурҷистон, майдону кӯчаҳои атрофи Қасри Президентро тарк карданд. Ҳоло бинои қаср таҳти назорати комили қувваҳои полис қарор дорад.

Тибқи гуфтаи шоҳидон, дар ҷараёни тазоҳурот даргирӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Тазоҳурот на фақат дар атрофи Қасри Президент, балки дар атрофи Майдони озодӣ низ баргузор гардид. Намояндагони оппозитсияи гурҷӣ таъкид намуданд, ки интихоботи парлумонии соли гузашта дар кишвар “тақаллубӣ” баргузор шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, интихоботи шаҳрдории рӯзи шанбе низ ғайриқонунӣ буда, натиҷаҳои он набояд пазируфта шавад.

Сабаби асосии тазоҳурот изҳороти ҳизби ҳокими “Орзуи гурҷӣ”, ки пирӯзии худро дар интихобот эълон карда ва ҳамзамон қарор дод, то муваққатан раванди ҳамгироӣ бо Иттиҳоди Аврупоро боз дорад. Тазоҳуротгарон талаб доранд, ки ҳукумат истеъфо диҳад ва ҷараёни пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо аз сар гирифта шавад.

Бар асоси гузоришҳо, қувваҳои амниятӣ барои пароканда кардани мардум аз дубинка ва мошинҳои обпош истифода намудаанд. Дар ҳамин ҳол, ба сӯи пойтахт гурӯҳҳои нави эътирозгарон аз шаҳрҳои дигар ҳаракат доранд.

Дар навбати худ Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе гуфт, ки бетартибиҳои Тифлис гӯё “бо дахолати хадамоти махсуси хориҷӣ” ташкил ва роҳандозӣ шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.