Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Наворҳои тарбиявӣ зиёд мешаванд. РВКД озмуни «Беҳтарин ролики тарбиявӣ»-ро ҷамъбаст кард
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ озмуни «Беҳтарин ролики тарбиявӣ»-ро, ки чанде пеш миёни корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ эълон карда буд, ҷамъбаст намуд.
Тавре ки манбаъ менависад, озмуни «Беҳтарин ролики тарбиявӣ» аз рӯйи се номинатсия: «Эҳтироми калонсолон», «Одоби шаҳрнишинӣ» ва «Одоби идора намудани воситаи нақлиёт» доир гашта, 60 ролики тарбиявӣ пешниҳод гардид.
Ҳамин тавр, дар номинатсияи «Эҳтироми калонсолон» Одинаев Фатҳиддин - ҷойи якум, Қаюмов Наврузҷон - ҷойи дуюм ва Раҳимов Зикриё - ҷойи сеюм гардиданд.
Дар номинатсияи «Одоби шаҳрнишинӣ» бошад, Мироҷиддинов Баҳром - ҷойи якум, Мусоев Ғолиб - ҷойи дуюм ва Шарипов Дилшод - ҷойи сеюм шуданд.
Бо қарори ҳайати ҳакамон дар номинатсияи «Одоби идора намудани воситаи нақлиёт» наворҳои Каримов Ҷамшед - ҷойи якум, Бозоров Рустам - ҷойи дуюм ва Бобоев Ромиш - ҷойи сеюм гардиданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки ғолибон бо диплому маблағҳои пулӣ, аз ҷумла ҷойҳои якум 18 ҳазор сомонӣ, ҷойҳои дуюм 12 ҳазор сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”