Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Чор шоҳҷоиза. Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардида, чор шоҳҷоиза ба ғолибон тақдим карда шуд.
Тибқи иттилои дастрас, Файзигул Раҷабова – дар номинатсияи санъати тасвирӣ, Разияллоҳ Убайдзода – дар номинатсияи навозандагӣ, Наврӯзи Досӣ – дар номинатсияи сарояндагӣ ва Обидҷон Масаидов – дар номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ соҳиби шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2025 гардиданд, ки ҳар кадоме 100 000 cомонӣ ба даст оварданд.
Гуфта мешавад, ки имсол озмуни мазкур аз рӯйи панҷ номинатсия: оҳангсозӣ-бастакорӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн доир гашта, ба ғолибони ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ (як нафар), ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ (ду нафар) ва ҷойи сеюм 30 ҳазор сомонӣ (се нафар) ва Диплом тақдим карда шуд.
Имсол дар номинатсияи дизайн касе соҳиби шоҳҷоиза нагашт.
Ҳамчунин, ба омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмун ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро соҳиб шуданд, 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ва Ифтихорнома тақдим гардид.
Соли равон барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафт миллиону шашсаду ҳаштод ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”