27 Сентябр 2026,
якшанбе, 21:03, Душанбе
04.10.2025 16:50

Муҷибахон Ҷавҳарӣ: “Чакидаи қалами ман афкори ман аст”

Бо Муҷибахон Ҷавҳарӣ, раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз пешаи омӯзгориву эҷодкорӣ низ бархурдор ҳастанд, доир ба пайраҳаи зиндагиашон суҳбат кардем.

КАТИБАИ ЯКУМ:

ОМӮЗГОРИ РӮЗҲОИ НООРОМ

- Агарчи шумо хатмкардаи факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бошед ҳам, пас аз хатми мактаби олӣ пешаи омӯзгориро интихоб кардед. Чун ҳоло дар арафаи Рӯзи касбии омӯзгорон қарор дорем, бигӯед, ки чӣ гуна як журналисти ҷавон ба ҷойи журналистӣ омӯзгориро интихоб кард?

-  Дар асл, нияти ба ҳайси журналисти телевизион кор карданро доштам. Вале соле, ки мо донишгоҳро хатм кардем, дар пойтахт амнияти кору зиндагӣ таъмин набуд. Бинобар ин, ба зодгоҳам баргаштам ва дар мактаби деҳаи Чоркӯҳ ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик ба фаъолият оғоз кардам.

- Аз соли 1993 то соли 2005 омӯзгор будед. Ба қавле шуморо омӯзгори рӯзҳои ноором гуфтан мумкин аст, оё он вақт кор кардан мушкил набуд? Чӣ қувва шуморо водор мекард, ки ба насли наврас дарс гӯед?

- Дар он солҳо хоса дар деҳаи Чоркӯҳ, ки ақидаҳои таассубӣ ва радикалии динӣ фазосоз буд, ба ҳайси омӯзгор кор кардан ва бо рӯйи кушод (он вақт занони деҳаи мо ҳиҷоб ва химорҳои арабӣ ба сар карда буданд) ба кӯча баромадан ҷуръат ва матонат талаб мекард, саҳл набуд. Он солҳо маош набуд, маро ҳадафу орзуҳоям таккон медод, ки бо вуҷуди муташанниҷ будани вазъ, бидуни маош кор кунам. Рафта-рафта духтарони деҳа нисбат ба ман ва тадрисҳоям назари умеду эътимод карданд ва онҳо танҳо аз ман ба саволҳои хеш посух мегирифтанд. Ман онҳоро ба таҳсил ташвиқ мекардам. Аз ҳуқуқҳояшон мегуфтам ва кӯшиш мекардам, ки бисёр бихонанду бисёр бидонанд.

- Ба андешаи шумо оё омӯзгор метавонад на танҳо дониш, балки тарзи зиндагиро ба шогирдон биёмӯзад?

- Омӯзгор хоса дар деҳот, ба вижа ба духтарон намоди тақлид ба зиндагиву кор аст. Онҳо дар рӯйи омӯзгор нури маърифатро мебинанд. Ҳатто ба либоспӯшии омӯзгор тақлид мекунанд. Дар муҳити имрӯз, ки бархе аз волидон гоҳо рисолати хешро адо намекунанд, омӯзгорон ҷилави нафақат омӯзиш, балки тарзи зиндагиро низ ба даст мегирад.

- Диссертатсияи илмиатонро дар мавзӯи “Юсуф ва Зулайхо”-и Ховарии Шерозӣ ва муқоисаи он бо достони ҳамноми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳимоя намудаед. Чун мақсади ҳар кори таҳқиқӣ суде ба ҷомеа овардан аст, бигӯед, ки таҳқиқи шумо кадом паҳлӯҳои муҳимро рӯшан кард ва бештар киҳо аз ҳосили он истифода мекунанд?

- Мақсади пажӯҳиши ман ошкорсозии таҳқиқи муқоисавии достонҳои ҳамном буд, ки дар низоми омӯзиши достонҳои дигари ҳамном низ муфид арзёбӣ гардид ва дар маҷмуъ фазои пажӯҳиши дигар достонҳоро дар адабиётшиносии муқоисавӣ такмил мебахшад. Пажӯҳиши маро метавонанд чун маводи омӯзишӣ ҳангоми гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар самти сарчашмашиносӣ, таъризи адабиёт, матншиносӣ, сабкшиносӣ, назарияи адабиёт, робитаҳои адабӣ ва таъсири Қуръон ба адабиёти форсии тоҷикӣ ва ғайраҳо истифода баранд.

КАТИБАИ ДУЮМ:

“РАФТОРИ БАД МУКОФОТИ АМАЛАШРО ДАР ҲИКОЯҲОИ МАН МЕГИРАД”

- Шумо хеле зиёд менависед: ҳам илмӣ, ҳам публитсистӣ ва ҳам бадеӣ. Бигӯед, ки дар умум навиштан ба шумо чӣ медиҳад?

- Ин суол мисли як қиссаи тамсилист, ки аз дарахти мевадор мепурсанд, ки ту ҳар сол меваи бисёр медиҳӣ, аз ин ба ту чӣ нафъ? Чакидаи қалами ман афкори ман аст, онро бояд бо дигарон расонам. Имконоти имрӯз васеъ аст, ки мо афкори хешро дар сомонаҳои иҷтимоӣ расонаӣ кунем, аудиторияи хешро дарёбем. Як матлаб метавонад дар лаҳзаҳои гуногун ба хонанда таъсири гузорад. Мутолиа кардан маънавиёти инсонро такмил медиҳад, агар дар маънӣ хароб набошад.

- Чӣ чиз шуморо ба навиштани асарҳои бадеӣ водор мекунад?

- Гоҳо нишот, гоҳо ҳодисае, ки таъсирбахш аст, гоҳо он чизе, ки изҳори шифоҳиро намепазирад...

- То имрӯз ду китоби бадеии шумо “Зани даруни чашма” ва “Дарди фироқ” ба дасти хонанда расидааст. Лутфан бигӯед, ки ин асарҳо чӣ гуна дард ё андешаҳоро бозтоб медиҳанд?

- Ғоя ва афкори ман дар эҷоди ҳикояву қиссаҳо инъикоси зиндагии мардуми одист. Урфу одат, фарҳанг ва ахлоқ аст. Баъзан дар эпизодҳо зуҳуроти манфиро низ инъикос медиҳам. Қаҳрамонҳои ман аксар занону духтаронанд, аз табиати онҳо навиштан осонтар аст, чун он ба ман ошност. Чун қоиданомаи ҳаёт рафтори бад мукофоти амалашро дар ҳикояҳои ман мегирад. Ҳама чакидаҳои қалам бозтоби мушоҳидаҳо ва афкоранд.

- Кадом мавзуъҳо дар адабиёт барои шумо бештар муҳиманд: оила, ишқ, ҷомеа ё масоили дигар?

- Муҳимтарин мавзуъҳои адабӣ аз азал ишқи поки инсонӣ ва ирфонист, лобалои навиштаҳои ман ҳам ҳамин мавзӯст. Оила ва пойдории он дар асоси ишқ аст. Масъалаҳои иҷтимоъ низ дар ҳикояҳо инъикос доранд.

- Барои нависанда будани шумо бештар чӣ таъсир гузоштааст: муҳити оилавӣ, китобҳои хондаатон ё воқеаҳои зиндагӣ?

- Агар гӯям, ки ирс ҳам ҳаст, хато намекунам, чун падарам қалами хуб доштанд, ҳикояҳои тамсилӣ менавиштанд, дар рӯзномаҳо нашр мешуданд, ҳарчанд соҳибкитоб набуданд. Пасон, қироати китобҳои бадеӣ низ муҳим аст.

КАТИБАИ СЕЮМ:

ҲАМ СОЗАНДА ВА ҲАМ СӮЗАНДА

- Ҳоло шумо раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастед. Вақте ки аз омӯзгориву адабиёт ба сиёсат гузаштед, чӣ душворӣ ва чӣ бартарӣ эҳсос кардед?

- Бале, ин мақомро бояд аҷр кард ва сипос аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Призиденти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуд, ки дар партави тадбирҳои баробарии гендерӣ камина аз як омӯзгори одии деҳаи дурдасти кишвар то вакили Парлумон ва Раиси як кумитаи калидӣ ба камол расидам. Мушкилӣ дар он буд, ки то вакил интихоб шудан, ман субъекти қонунҳо ва риоякунандаи он будам, имрӯз қонунҳоро эҷод мекунам, барои он дар ибтидо дониши ҳуқуқиам кофӣ набуд, бо истифода аз шароитҳои омӯзиши технологияи қонунэҷодкунӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ин марҳиларо паси сар кардам. Бартариро ҳар лаҳза эҳсос мекунам, муҳимтар аз ҳама худтаҳқиқӣ аст.

- Ба андешаи шумо, кадом хислатҳо оиларо устувор нигоҳ медоранд?

- Муҳаббат, сабру тавозуъ, дарки ҳамдигар, гӯш карда тавонистани афкори ҳамаи аъзои оила ва қарорҳои одилонаи оилавӣ.

- Нақши падару модар дар пойдории оила то куҷо муҳим аст?

- Нақши волидон дар пойдории оила бемаҳдуд аст, чун аксар оилаҳои мо дар асоси фарҳанги миллӣ ва суннатҳои ниёгон бунёд мегардад ва ғояи эҳтироми шахсони калонсол ҳанӯз дар ҷомеа пойбарҷост. Як сухан, як қарор ва як рафтори падару модар метавонад нисбати оилаҳои ҷавон ҳам созанда ва ҳам сӯзанда бошад.

- Оилаи намунавӣ бояд чӣ хусусиятҳо дошта бошад?

- Оилаи намунавӣ бояд дорои тавозуни синнусолӣ, мустақилияти молиявӣ, истиқлоли фикрӣ, шароити хуби зиндагӣ, ояндабинӣ, тасмимгириҳои хирадмандона ва мустақилона бошад.

- Асоси воқеии хушбахтии оилавӣ дар чист?

- Хушбахтии оила дар муҳаббат, амният, оромиш ва идомаи насл аст.

- Сабаби асосии ҷудошавии ҷавононро дар чӣ мебинед?

- Омилҳои парокандашавии оилаҳои ҷавонро нахуст дар омода набудани ҷавонон дар бобати оиладорӣ, дувум мустақилияти молиявӣ надоштан, савум аз мушкилнописандӣ ва сабукфикрӣ, чаҳорум аз масъулиятношиносӣ, бенизомӣ ва берабтӣ мебинам.

- Агар имкони додани як паёми кӯтоҳ ба ҳамаи оилаҳои тоҷикро медоштед, чӣ мегуфтед?

- Дар ин хок, дар ин хок, дар ин мазрааи пок,

Ба ҷуз меҳр, ба ҷуз ишқ, дигар тухм накорем.

(Мавлоно)

Волидон, шумо халоқед, агар бори нанг бикашед, аз кӯдаки хеш нобиғае месозед, вагарна бетаваҷҷуҳӣ кардед, як қобилиятро нобуд намудед!

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.