27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Марям Исоева бо нишони "Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон" қадрдонӣ гардид
Марям Исоева, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, профессори кафедраи маҳорати актёрии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо нишони "Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон" қадрдонӣ гардид.
Бо мақсади таҷлили Рӯзи омӯзгор, ки шанбеи аввали моҳи октябр ҷашн гирифта мешавад, имрӯз, 4-уми октябри соли 2025 дар толори “Кохи Суруш”- и шаҳри Душанбе марсоме баргузор карда шуд ва дар он омӯзорон ва кормандони соҳаи маорифи Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
Марям Исоева, Ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик ва Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон буда, хатмкардаи Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи шаҳри Москва мебошад. Ӯ баъди хатми муассисаи мазкур аз соли 1960 то 1961 ҳамчун ҳунарпешаи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ фаъолият намудааст. Пас аз як сол ӯро барои кор ба бонуфузтарин театри Тоҷикистон - Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба кор даъват намуданд.
Марям Исоева бо ин театри номдор бипайваст ва инак беш аз 60-сол аст, ин бонуи сар то по ҳунар дар саҳнаи баланди Театри Лоҳутӣ нақшҳои ҷаззоб ва мондагор меофарад.
Марям Исоева дар тӯли фаъолияти эҷодиаш дар саҳнаи театр, кино ва телевизион ҳазорон образҳои хотирмон ва ҷаззоб офаридааст, аммо тамошобинон ӯро бештар дар образи модари тоҷик мешиносанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”


