Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Омӯзгор ва мураббии сол. Ду озмуни ҷумҳуриявиро Вазорати маориф ҷамъбаст кард
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз, 4-уми октябр маросими ҷоизасупории озмунҳои ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2025» ва «Мураббии соли Тоҷикистон-2025» баргузор гардид.
Ба навиштаи манбаъ, Ализода Ҳусейн, омӯзгори фанни биологияи Литсейи Умари Хайёми шаҳри Душанбе, ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2025» эълон гардида, бо Ҷоми озмун, Диплом ва мукофоти пулӣ ба маблағи 30 000 сомонӣ сарфароз гардонида шуд.
Дар ин росто, Абдураҳмонова Парвина, мураббияи Муассисаи таҳсилоти томактабии №3-и шаҳри Хуҷанд сазовори Ҷоми ғолиб, Диплом ва мукофоти пулии озмун ба маблағи 10 000 сомонӣ шуд.
Гуфта мешавад, ки иштирокчиёни фаъолу боистеъдоди озмунҳои мазкур бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва туҳфаҳои махсус қадрдонӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки озмунҳои «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2025» ва «Мураббии соли Тоҷикистон-2025» бо мақсади таҳкими сатҳу сифати таълим, дастгирии омӯзгорону мураббиёни соҳибистеъдод ва эҷодкор, инчунин, баланд бардоштани мақому ҷойгоҳи касби омӯзгорӣ ҳамалоса доир мегардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”