Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Путин аз тарҳи сулҳи Трамп барои Ғазза ҳимоят кард
Владимир Путин, Президенти Федератсияи Русия гуфт, тарҳи Доналд Трамп, Президенти Амрико дар мавриди хотимаи ҷанги Ғазза метавонад ба ҳайси “нуре дар поёни нақб” арзёбӣ гардад.
Президенти Федератсияи Русия афзуд, чунин иқдом дар сурате муваффақ хоҳад буд, ки ба таъсиси давлати мустақили Фаластин дар канори Исроил бианҷомад.
Президенти Русия дар нишасти солонаи Клуби байналмилалии "Гуфтугӯи Валдай", ки дар шаҳри Сочи доир шуд, гуфт, Маскав омодааст аз нақшаи Доналд Трамп дар мавриди сулҳи Ғазза ҳимоят кунад. Бо вуҷуди ин, ӯ ҳушдор дод, дипломатияи якҷонибаи Амрико, ки таърих, суннат, ҳувият ва фарҳанги мардумони минтақаро нодида мегирад, наметавонад ба сулҳ расад.
Дар мавриди пешниҳоди Трамп барои вогузории Ғазза таҳти идораи байналмилалӣ Путин гуфт, ин лоиҳа суолҳоеро дар хусуси муҳлати иҷро ба миён меорад ва беҳтарин роҳи ҳал супурдани мудирияти минтақа ба Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин аст. Ӯ ба зарурати шунидани “дидгоҳи фаластиниён” дар хусуси чунин иқдомҳо таъкид кард.
Президенти Русия ба масъалаҳои дигар дахл карда, афзуд, ки бо вуҷуди ихтилофоти мавҷуд, Маскав дар пайи “барқарории комил” –и муносибатҳо бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад. Ӯ гуфт: “Ман император нестам, балки Президенти интихобшуда ҳастам” ва хотирнишон кард, ки неруҳои Русия барои идомаи ҷанг дар Украина кофӣ ҳастанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”