Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Рӯйхат тағйир ёфт. Гаронарзиштарин футболбозони ҷаҳон киҳоянд?
Портали Transfermarkt, ки бевосита арзиши бозории футболбозонро сари ҳар чанд вақт муайян мекунад, рӯйхати топ-10 футболбози гаронарзиштарини дунёро эълон намуд.
Тибқи рӯйхати нав, гаронарзиштарин футболбозони ҷаҳон ҳоло ба ин тартиб ҳастанд: Ламин Ямал 200 млн евро (“Барселона”), Ҷуд Беллингем 180 млн евро (“Реал Мадрид”), Эрлинг Ҳоланд 180 млн евро (“Ман Сити”), Килиан Мбаппе 180 млн евро (“Реал Мадрид”), Букаё Сака 150 млн евро (“Арсенал”), Винисиус Ҷуниор 150 млн евро (“Реал Мадрид”), Педри 140 млн евро (“Барселона”), Флориан Виртс 140 млн евро (“Ливерпул”), Ҷамол Мусиала 140 млн евро (“Бавария”) ва Федерико Валверде 130 млн евро (“Реал Мадрид”).
Бояд гуфт, ки дар рӯйхати нав аз ҳама зиёд арзиши бозории футболбози бошгоҳи “Реал Мадрид” Винисиус Ҷуниор кам шудааст. Ӯ то чанд рӯз пеш 170 млн евро арзиш дошт. Аз ин зиёдтар, тибқи нишондоди Transfermarkt дар аввали соли 2025 ҳамлагари бразилӣ гаронарзиштарин футболбоз буд, 200 млн евро арзиш дошт.
Ҳамчунин, дар рӯйхати нав арзиши бозории ҳамватан ва ҳамдастаи ӯ Родриго боз 10 млн евро кам шуд.
Дар умум, дар рӯйхати топ-10 футболбози гаронарзиштарини дунё чор футболбоз аз бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” ҷой гирифтаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”