27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Панҷ ҷоиза ва мақоми ифтихорӣ. Дастоварди ноширони тоҷик аз Озмуни байналмилалии «Санъати китоб»
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ноширони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» соҳиби 5 ҷоиза ва мақоми ифтихорӣ гардиданд.
Манбаъ меафзояд, ки 2-3 октябри соли равон ҷаласаи XXII-уми ҳайати доварони Озмуни байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои аъзои ИДМ ба тариқи маҷозӣ баргузор гардида, дар он намояндагони вазоратҳои фарҳанг ва палатаи китобҳо аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Беларус ва Қирғизистон ширкат намуданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки ба озмун аз рӯи номинатсияҳои «Иттиҳод», «Ватани ман», «Муколамаи фарҳангҳо», «Китоб барои кӯдакону наврасон», «Илм ва маориф», «Китоби мусаввар», «Санъати тасвирсозӣ», «Дар Иттиҳод нашр шудааст» ва «Шоҳҷоиза» китобҳои гуногун пешниҳод гардиданд.
Дар ин росто, дар номинатсияи «Муколамаи фарҳангҳо» китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ», инчунин, дар номинатсияи «Ватани ман» китоби Энсиклопедияи миллии Тоҷик «Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Энсиклопедияи миллии тоҷик омода гардидааст, сазовори ҷойи якум дониста шуданд.
Ҳамчунин, дар номинатсияи «Санъати тасвирсозӣ» Донишнома барои кӯдакон ва наврасон «Сайёраи замин» ва дар номинатсияи «Китоб барои кӯдакону наврасон» маҷмуаи асарҳо барои фортепиано «Савту навоҳои тоҷикӣ» (муаллифон Ф. Қосимова ва Ҷ. Умаров) сазовори ҷойҳои дуюм гардиданд. Дар номинатсияи «Иттиҳод» Донишномаи мухтасари бузургони форс тоҷик (муаллиф Н. Амиршоҳӣ) ғолиби ҷойи сеюм дониста шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”