27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
04.10.2025 16:39

Лавров дар ҳошияи нишасти Формати Маскав бо вазири хориҷаи Толибон дидор мекунад

Лавров дар ҳошияи нишасти Формати Маскав бо вазири хориҷаи Толибон дидор мекунад

Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия эълон кард, ки Сергей Лавров, Вазири корҳои хориҷии ин кишвар қарор аст дар ҳошияи нишасти машваратии Формати Маскав бо Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Иморати Исломии Афғонистон дидору гуфтугӯ кунад.

Ҳамоиши “Формати Маскав” доир ба масъалаҳои Афғонистон рӯзи 7-уми октябри соли 2025 бо ширкати намояндагони кишварҳои минтақа, аз ҷумла Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия рӯзи панҷшанбе дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳайте аз Беларусия низ ба ҳайси меҳмони хос ба ин ҳамоиш даъват шудаанд.

Ин нишаст, ки бо роҳбарии Сергей Лавров ва ба шакли ғайриошкоро баргузор мегардад, як чорчӯби машваратии минтақавӣ барои баррасии вазъияти амниятӣ, сиёсӣ ва башардӯстонаи Афғонистон баъд аз таҳаввулоти ахир аст.

Бар асоси изҳороти расмӣ меҳвари асосии баҳсҳо дар ин нишаст, тарвиҷи оштии миллӣ дар Афғонистон ва густариши ҳамкориҳо миёни кишварҳои минтақа ва Кобул дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир хоҳад буд. Дар поён нишаст ширкаткунандагон изҳороти муштарак содир мекунанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.