27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
04.10.2025 15:53

Шоҳрухон ба сафи миллиардерҳои ҷаҳон пайваст

Шоҳрухон, ситораи машҳури Болливуд бо дороиҳои холис ба маблағи як миллиарду 400 миллион доллар ба сафи миллиардерҳо пайваст ва ба яке аз сарватмандтарин бозигарони ҷаҳон табдил шуд.

Расонаҳои ҳиндӣ хабар доданд, ки Шоҳрухон дар феҳристи сарватмандтарин афроди Ҳиндустон дар соли 2025 қарор гирифтааст.

Шоҳрухони 59-сола бо ин ҳаҷми сармоя дар қатори селебритиҳои барҷастае чун Арнолд Швартсенеггер, Риҳанна, Тайгер Вудз ва Тейлор Свифт қарор мегирад.

Ҷуҳа Чавла, Ритик Рошан, Амитобх Баччан ва Каран Ҷоҳар аз шахсиятҳои дигари Болливуд мебошанд, ки номашон дар ин феҳрист омадааст, аммо сарвати Шоҳрухон ба таври қобили таваҷҷуҳ бештар аз онҳо тахмин зада мешавад.

Маҷаллаи "Форбс" низ гуфт, ки ҳарчанд бисёре аз афроди машҳур бениҳоят сарватманд мебошанд, аммо ба нудрат пеш меояд, ки дороии холиси онҳо ба рақами даҳрақама (миллиардҳо) расад.

Шоҳрухон, ки ҳоло ба ӯ ба ҳайси подшоҳи филмҳои ошиқонаи Болливуд ном бурда мешавад, беш аз се даҳа дар санъати филмҳои ҳиндӣ фаъолият дошт ва доманаи фаъолиятҳои худро аз бозигарӣ ба мудирияти як маркази тавлиди бузург ва ҳамчунин, моликияти як тими крикет густариш додааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.