27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
02.10.2025 13:46

Ифтитоҳи ду муассисаи таҳсилоти миёна дар Рашту Тоҷикобод

Ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ баъд аз бозсозӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод, ки бар асари заминларзаи соли ҷорӣ осеб дида буданд, расман ифтитоҳ ёфт.


Дар расми кушодашавии он намояндагони мақомоти маҳаллӣ, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик ва Адҳам Мусаллам Намоянда ва директори Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.


Дар ин бора ба Dialog.TJ аз дафтари матбуотии Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хабар доданд.


Гуфта мешавад, ки навсозии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 56-и ноҳияи Рашт ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33-и ноҳияи Тоҷикобод, ки дар ин ду муассисаи таълимӣ тақрибан 180 хонанда ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Ҳамчунин, дар муасссисаҳои мазкур ошхонаҳои нави мактабӣ сохта шуданд, ки фаъолияти ғизодиҳии мактабҳоро дар доираи Барномаи ғизои мактабӣ дастгирӣ мекунанд.
Корҳои бозсозӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ) ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея ба роҳ монда шуд.


Адҳам Мусаллам, Намоянда ва директори БОҶ дар Тоҷикистон дар суханронии хеш қайд кард, ки бо шарофати дастгирии мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея кӯдакони навоҳии дурдасти водии Рашт ҳоло ба таҳсилоти босифат дастрасӣ доранд ва ин иқдом барои бунёди ояндаи дурахшон ва ҷомеаҳои қавитар мусоидат мекунанд.


Аз соли 1999 инҷониб БОҶ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани Барномаи ғизои мактабӣ дар кишвар ҳамкорӣ менамояд. Дар соли 2025 Барномаи ғизои мактабии БОҶ беш аз 416 ҳазор хонандаи синфҳои ибтидоиро дар беш аз 1900 муассисаи таълимии 53 ноҳия ва шаҳрро фаро гирифтааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.