Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Тоҷикистон ва Покистон дар бораи CASA-1000 ва мубориза бо терроризм гуфтугӯ карданд
Мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар хусуси ҳамкориҳои муштарак ва мубориза бо терроризм дар минтақа гуфтугӯ карданд.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон рӯзи панҷшанбе дар изҳороте гуфт, ки дар ин нишаст дар хусуси ҳамкориҳои дифоии миёни ду кишвар низ гуфтугӯ шудааст.
Тибқи иттилои Вазорат дар ин нишаст илова ба ҳамкориҳои дифоӣ ва мубориза бо терроризм дар хусуси лоиҳаҳои интиқоли барқ, ки аз Афғонистон низ убур мекунад, баҳсу табодули назар сурат гирифт.
Ҳамзамон ду тараф дар бораи роҳҳои рушди робитаҳои тиҷоратӣ, ҳамкориҳои сиёсӣ, кишоварзӣ ва омӯзишу парвариш гуфтугӯ карданд.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо нашри иттилоъ гуфт, ки дар ин нишасти дуҷониба ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Фаррух Шарифзода, муовини Вазири корҳои хориҷа ва ҳайати Покистон бо роҳбарии Сайидасад Алӣ Гелонӣ, муовини вазири корҳои хориҷаи Покистон ҳузур доштанд.
Ба гуфтаи ин Вазорат ҳарду тараф бар тааҳҳуди худ оид ба тақвияти бештари ҳамкории стратегии миёни Тоҷикистон ва Покистон таъкид карданд.
Ин нишаст дар ҳоле сурат мегирад, ки ду кишвари ҳамсоя Покистон ва Тоҷикистон борҳо дар хусуси вазъияти амниятии Афғонистон изҳори нигаронӣ карда буданд.
Ҳарду кишвар эълон карданд, ки ҳузури гурӯҳҳои террористӣ, монанди Таҳрики Толибони Покистон ва Ансоруллоҳ дар Афғонистон таҳдиди ҷиддӣ барои минтақа аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”