Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Дар Тоҷикистон дар ҳамоиши илмӣ масъалаи иқтисоди сабзро баррасӣ карданд
Дар ҳамоиши илмие, ки оид ба рушди “иқтисоди сабз” таҳти раёсати Азиз Ғиёсзода, раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт, масъалаи рушди иқтисоди сабз мавриди таҳлил ва арзёбӣ қарор гирифт.
Дар ин ҳамоиш зикр шуд, ки минтақа дар шароити буҳрони сегонаи хавфи экологӣ, тағйирёбии иқлим, коҳишёбии гуногунсозии биологӣ ва ифлосшавии муҳити зист қарор дорад.
Барои шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мамлакат аз лиҳози таъсири тағйирёбии иқлим осебпазир арзёбӣ гардидааст, масълаи устуворӣ ба ин гуна буҳрони экологӣ ба як авлавияти стратегӣ табдил ёфтааст.
Афзоиши аҳолӣ, рушди саноат, васеъ шудани сохтмон ва зиёдшавии воситаҳои нақлиёт боис гардидааст, ки ҳаҷми партовҳо бо суръат афзоиш ёбанд.
Рушди “иқтисоди сабз” ва иқтисоди даврӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои муҳимми сиёсати иқтисодӣ ва экологӣ маҳсуб шуда, бо ҳадафи расидан ба рушди устувор ва коҳиш додани таъсири манфии иқтисод ба муҳити зист татбиқ мешаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”