Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Русия гуфт бозгашти таҳримҳои СММ бар зидди Эронро ба расмият намешиносад
Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид рӯзи чоршанбе дар нишасти хабарӣ гуфт, кишвараш бозгашти таҳримҳои Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бар зидди Эронро қабул намекунад.
Ӯ дар посух ба суоле дар хусуси иҷрои таҳримҳо аз сӯи Маскав чунин таъкид намуд: “Мо қарор дар хусуси ба иҷро даромадани механизми “моша” –ро ба расмият намешиносем.
Мо дар ду воқеияти паралел зиндагӣ дорем: барои баъзе кишварҳо таҳримҳо бозгардонда мешаванд ва барои дигарон не. Ин ҳолат мушкил эҷод мекунад ва бояд дид, ки чӣ гуна метавон аз ин вазъият берун рафт”.
Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки рӯзи 28-уми сентябр Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид механизми “моша” –ро фаъол кард ва таҳримҳои аслиҳавӣ ва дигар навъҳои онро бар зидди Эрон дубора ҷорӣ кард.
Се кишвари аврупоӣ – Британия, Фаронса ва Олмон, иддао карданд, ки Эрон созиши атомии соли 2015 –ро нақз карааст. Созише, ки бо ҳадафи пешгирӣ аз тавлиди силоҳи атомӣ ба имзо расида буд. Аммо Теҳрон ин иддаоҳоро рад намуда, афзуд, ки ҳич талоше барои дастёбӣ ба силоҳи атомӣ надорад.
Намояндаи доимии Русия дар нишасти матбуотӣ, ки ҳамзамон бо оғози раёсати Русия дар Шурои амният дар моҳи октябр доир шуд, мавқеи кишварашро рӯшан кард ва ҳушдор дод, ки дугонагии равишҳо нисбат ба таҳримҳо метавонад мушкили ҷиддӣ эҷод кунад.
Фаъол гардидани ин механизм дар амал ба маънои поёни созиши атомӣ мавсум ба Барномаи иқдоми ҷомеи муштарак шумурда мешавад. Созише, ки соли 2015 миёни Эрон, Британия, Фаронса, Олмон, Иёлоти Муттаҳида, Русия ва Чин имзо шуда буд.
Бархе таҳлилгарон мегӯянд, бозгашти таҳримҳо метавонад ба афзоиши дубораи танишҳо дар Ховари Миёна бианҷомад, бахусус, ки ин воқеа чанд моҳ баъд аз ҳамалаҳои ҳавоии Иёлоти Муттаҳида ва Исроил ба муассисаҳои атомии Эрон рӯй додааст.
Бар асоси тасмими нав, илова ба бозгашти таҳримҳои аслиҳавӣ, маҳдудиятҳои дигар низ ҷорӣ мешаванд, аз ҷумла манъи сафар барои даҳҳо шаҳрвандони эронӣ, масдудсозии дороиҳои шахсон ва ниҳодҳои марбут ва манъи содироти ашёе, ки метавонад дар Барномаи атомии Эрон истифода шавад.
Дар муқобили мавқеи Русия дигар имзокунандагони созиши соли 2015 иҷрои таҳримҳоро оғоз намудаанд. Британия рӯзи чоршанбе аз таҳрим бар зидди 121 шахс ва ниҳодҳои вобаста ба Барномаи атомии Эрон хабар дод. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ панҷ шахс ва як ниҳоди эрониро таҳрим кардааст.
Ҳамзамон Туркия, ҳамчун кишвари ҳамсояи Эрон эълон кард, ки дороиҳои шуморе аз шахсон ва ниҳодҳои вобаста ба Барномаи атомии Эронро масдуд кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”