Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҳушдори Эрон: Багром метавонад ба гӯристони неруҳои амрикоӣ табдил ёбад
Абулфазл Заҳрованд, узви Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии парлумони Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳушдор дод, ки бозгашти эҳтимолии неруҳои амрикоӣ ба Пойгоҳи ҳавоии Багром метавонад манфиатҳои кишварҳои минтақаро зери хатар гузорад ва эҳтимол меравад Багром ба “қабристони сарбозони амрикоӣ” табдил шавад.
Ӯ, ки қаблан ба ҳайси сафири Эрон дар Афғонистон фаъолият кардааст, дар суҳбат бо расонаи “Ироф” гуфт, бозгашти эҳтимолии Амрико ба пойгоҳи Багром талош барои ҷуброни ақибнишинии географӣ-стратегии Амрико баъд аз хуруҷ дар соли 2021 мебошад. Ӯ афзуд, ки ин иқдом дар мухолифати мустақим бо манфиатҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай қарор дорад ва эҳтимол дорад Багром ба қабристони сарбозони амрикоӣ табдил шавад.
Ин дипломати собиқ ҳамчунин, гуфт, ки эҳтимолан “Иморати исломӣ” иҷозаи ҳузури дубораи неруҳои амрикоӣ дар хоки Афғонистонро нахоҳад дод, вале Вашингтон метавонад аз роҳҳои дигар, аз ҷумла фишор ба кумакҳои молиявӣ ё истифода аз иқтидори Покистон барои зери фишор гузоштани Иморати Исломӣ кор гирад.
Ба гуфтаи ӯ, дар сурати шиддат гирифтани таниш Эрон, Русия, Чин, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон вориди марҳилаи нави муқобила бо сиёсатҳои Амрико хоҳанд шуд.
“Агар ин кишварҳо дар муқобили Амрико ҷиддӣ бошанд, Багром метавонад ба қабристони сарбозони амрикоӣ табдил ёбад” – зикр кард Заҳрованд.
Багром, ки яке аз муҳимтарин пойгоҳҳои Амрико дар минтақа ба ҳисоб мерафт, ҳамеша бо сабаби ҷойгоҳи стратегии худ ба ҳайси таҳдиди эҳтимолӣ барои кишварҳои ҳамсоя арзёбӣ мешуд. Ҳоло бозгашти эҳтимолии неруҳои амрикоӣ ба ин пойгоҳ бори дигар онро ба яке аз масъалаҳои ҳассоси географӣ-сиёсӣ дар минтақа табдил додааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”