Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Боздошти ду хонандаи синфи 11 барои ба мактаб бурдану истифодаи чилим
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ду хонандаи синфи 11 хабар дод, ки ба мактаб чилими электронӣ бурда, истифода мекардаанд.
Ба қавли манбаъ, зимни санҷиш аз ҷониби кормандони самти кор бо ноболиғони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муайян карда шудааст, ки ду хонандаи синфи 11-и яке аз муассисаҳои таълимии пойтахт бо худ чилими электронӣ бурда, онро дар дохили муассиса истифода кардаанд.
Иттилоъ дода мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати волидони ноболиғон бо моддаи 90-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол гардидааст.
Дар ин росто, мақомот аз волидон хоҳиш кардааст, ки назоратро аз болои фарзандони худ ба таври ҷиддӣ ба роҳ монанд ва нагузоранд, ки онҳо ба истеъмоли чилим ва дигар воситаҳои зараровар машғул шаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад