27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
02.10.2025 15:51

“Зиндагии қалбакӣ”. Тақлид ба “хушбахтӣ” дар асри филтирҳо

Имрӯз маънои зиндагӣ гӯё зери бори тамоюлҳои фазои маҷозӣ дафн мешавад ва зиндагии воқеӣ фақат бо як тақлид барои чорчӯбаҳои Инстаграм табдил ёфтааст.

Файласуфи олмонӣ Мартин Ҳайдеггер солҳо қабл ҳушдор дода буд, ки инсони муосир дар ҳоли фаромӯшии зиндагонии аслӣ аст. Ӯ мегуфт, одамон оҳиста-оҳиста дар рӯзмаррагиҳо чунон ғарқ мешаванд, ки аз пурсидани сабаби зиндагӣ ва маънои он даст мекашанд. Шояд гумон кунед, ки ин ҳушдорҳо реша дар фалсафа ва маънои ҳастии зиндагӣ дорад, вале ба осонӣ метавон изи онро дар зиндагии рӯзмарраи мо мушоҳида кард.

Кофӣ аст, ки телефони мобилиро боз кунем: бисёр наворҳои 15-сониягӣ, рилсҳои намоишӣ, шӯхиҳои сатҳӣ ва блогерҳое, ки бо сенарияҳои аксар сохта ҳама чизро ба як намоишгоҳи зоҳир табдил додаанд.

Дар ин фазои нав ва аҷибу ғариб, ҷавонони насли “Z” таҳти фишори улгусозии расонаҳо аз пурсишҳои бунёдии зиндагӣ дур шудаанд. Ҷое, ки замоне дилбастагӣ ба “Ман кистам?” ё “Чӣ чизе арзиш дорад?” барҷаста шуда буд, ҳоло пурсиши сода ва дар айни ҳол пурмаъно ҷойгузин шудааст: “ин видео чанд лайк гирифт?”, “имрӯз кадом видео аз кадом блогер ё инфлюенсер машҳур шуд?”, “ё блогер шавем, чанд даромад дорад?” ва мавзуъҳое аз ин қабил, ки ҳич арзиши иловагӣ барои тамошобин надоранд.

Фаромӯш кардани зиндагии аслӣ

Бисёре аз донишмандон ва мутафаккирон аз инсоне сухан мегуфтанд, ки бояд худашро биёфарад ва зиндагии аслиро таҷриба кунад. Онҳо ҳатто ҳушдор медоданд, ки инсони муосир дар саросемагии “дигарон” гум мешавад, дигароне, ки як нусхаи зиндагиро ба ӯ таҳмил мекунанд.

Агар ин ҳушдорро дар бистари имрӯз хонем, “дигарон” ҳамон блогерҳо, тамоюлҳои инстаграмӣ ва мавҷҳое ҳастанд, ки бидуни тавқиф аз ҷониби платформаҳо ба сӯи мо партоб мешаванд.

Маълум аст, ки дар асри имрӯз инсон дар рӯзмарагиҳо фақат машғул мешавад, вале намеандешад. Бисёре аз ҷавонон соатҳо дар миёни видеоҳо ва фазои маҷозӣ саргардонанд, бидуни он ки бидонанд чаро ин муҳтаворо тамошо мекунанд ё ин муҳтаво чӣ таъсире бар ҳувияти онҳо дорад.

Ин ҳамон чизест, ки метавон онро “зистан дар сатҳ ё ноумедӣ дар фазои маҷозӣ” номид.

Вақте ҳама чиз ба саҳна табдил мешавад

Ги Дебор   дар китоби “Ҷомеаи намоиш” навишта буд, ки “дар ҷаҳони муосир, ҳама чиз ба тасвир табдил мешавад”. Ӯ мегуфт, ки ҷаҳони муосир на бар асоси таҷрибаи воқеӣ, балки бар бознамоии он бунёд шудааст. Агар Дебур имрӯз зинда мебуд, эҳтимол инстаграмро намунаи комили назарияи худ медонист: ҷое, ки сафар ба меҳмонхонаҳои гаронбаҳо, хӯрок хӯрдан дар таомхонаҳои боҳашамат ва қаҳвахонаҳои брендӣ, шодиҳои кӯтоҳмуддат ва ҳатто ғам бояд қобили намоиш бошанд.

Дар ин намоиши фарогир гӯё меъёри арзиши зиндагӣ на бо худи таҷриба, балки ба андозаи бозхӯрди он пайванд хӯрдааст. Сафар маънои тозае надорад, магар ин ки макони он сабт шуда бошад, ки сафар ба ҷои боҳашамат ва нодир аст.

Шодӣ бояд бо мусиқии пасзамина ва брендҳое, ки дар чашми мардум бузургнамоӣ шудаанд, ҳамроҳ бошад. Ҳатто ғам низ то он вақт арзиш дорад, ки бо филтри муносиб дар фазои маҷозӣ гузошта шавад.

Зиндагӣ дар тақлид

Шояд ҷомеашиносон дуруст пешгӯӣ карда буданд, ки дигар дар расонаҳо воқеиятро таҷриба намекунем, балки нусхаи бозсозишудаи воқеиятро мебинем.

Имрӯз зиндагии блогерҳо намунаи ошкор аз ин тақлид аст: субҳонаи рангоранге, ки шояд ҳаргиз ба шакли воқеияш хӯрда нашавад. Сафаре, ки бештар барои чорчӯбаи Инстаграм тартиб дода шудааст, на барои таҷрибаи шахсӣ, робитае, ки ба ҷои умқ, барои гирифтани сторис идом меёбанд.

Мо бо дидани ин тасвирҳо гумон мекунем, ки ба “зиндагии воқеӣ” нигоҳ мекунем, дар ҳоле ки он чи мебинем, фақат як раванд бар асоси дида шудан аст.

Тағйири пурсишҳо: аз ҳувият то лайк

Наслҳои пешин даргири пурсишҳое буданд, ки имрӯз бисёре аз онҳо ҷои худро ба меъёрҳои расонаӣ додаанд. Ин тағйири хурд дар пурсишҳо, тағйири бузурге дар ҳувият эҷод кардааст. Вақте пурсиши бунёдӣ ҳазф мешавад, посухҳо низ сатҳӣ мешаванд. Насли имрӯз ба ҷои ҷустуҷӯи маънои зиндагӣ, дар пайи улгубардорӣ аз блогерҳоест: улгуе, ки аксар қалбакӣ буда ва фақат ба зоҳир такя дорад.

Зиндагӣ бо филтр

Барои бисёре аз ҷавонон сафар на таҷриба барои дидани ҷаҳон, балки фурсате барои сабти макони сафар ва гирифтани акс аст. Шодӣ фақат дигар зиста намешавад, бо мусиқии пасзамина ва номуносиб “муштарак” мешавад. Ҳатто андуҳ низ бояд “қобили ҳамдардӣ” бошад, селфи бо чашмони гирён, усули эҳсосӣ ва филтри сиёҳу сафед. Ин ривоятҳо нишон медиҳад, ки майл ба “дида шудан” ҷои майл ба “будан ё маънои воқеӣ” –ро гирифтааст. Ин навъи зиндагӣ, агар дида нашавед ва лайку таърифҳои мухталиф ва хос нагиред, гӯё ҳич чиз рух надодааст.

Фарҳанги умумӣ дигар он оҳанги пешинаро надорад

На ба ин сабаб, ки насли нав бе таваҷҷуҳ аст, балки чун сохторҳои расонаӣ фурсати таоммулро аз байн бурдаанд. Вақте муҳтавоҳо бо суръати зеҳни сунъӣ тавлид ва истеъмол мешаванд, ҳич чиз фурсати мондан надорад. Муҳтавои амиқ ҷойи худро ба “тамоюлҳои 24 –соата” додаанд.

Забоне, ки насли “Z” ба кор мебарад, пур аз истилоҳоти кӯтоҳ аст: вожаҳое, ки умрашон камтар аз як ҳафта аст ва баъд аз он фаромӯш мешаванд.

Ин тағйир хатари бузург барои фарҳанг аст, монанди аз даст рафтани умқ, ҳофиза ва ҳатто забони муштарак.

Роҳе барои бозгашт ба маъно

Нуқтаи умеди мо шояд омӯзиши саводи расонаӣ бошад: саводе, ки фақат ба маҳорати техникӣ маҳдуд набошад, балки ба пурсишҳои бунёдӣ боз гардад.

Чаро ин муҳтаво сохта шудааст? Чӣ чизеро пинҳон мекунад? Чаро блогерҳо аз мо мехоҳанд монанди онҳо бошем?

Агар ҷавонони имрӯз бидонад, ки бисёре аз тасвирҳову ривоятҳо “сохтагӣ” мебошанд, метавонад фосилаи интиқодӣ гирад: фосилае, ки иҷоза медиҳад дубора ба пурсишҳои аслӣ боз гардад.

Асл зиндагӣ намудан аст, на пайравӣ кардан

Имрӯз беш аз ҳар замони дигар ба ин интихоб ниёз дорем: интихобе барои раҳоӣ аз намоишҳои сатҳӣ, барои бозгашт ба умқ, барои ёфтани маъно дар таҷрибаи зистан! Фарҳанг, агарчӣ зери фишори сатҳинигарӣ қарор дорад, ҳанӯз метавонад овози аслии худро бозёбад. Ба шарте, ки насли имрӯз бидонад, будан арзишмандтар аз дида шудан аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.