Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
СММ: Коҳиши партовҳои ғизоӣ ба ҷомеа, иқтисод ва сайёра манфиат меорад
Дар саросари ҷаҳон тақрибан 733 миллион нафар аз гуруснагӣ азият мекашанд, дар ҳоле ки, ҳар рӯз зиёда аз як миллиард бастаи маҳсулоти ғизоии хӯрданибоб ба партов партофта мешавад. Ба гуфтаи СММ ҳамин ҳаҷми ғизо метавонист ҳар рӯз ҳадди аққал як маротиба ҳамаи гуруснагони ҷаҳонро сер кунад.
Ба ин масъала дар Рӯзи байналмилалии нашри иттилоот оид ба талафоти ғизо ва партовҳои он, ки ҳамасола 29-уми сентябр таҷлил мешавад, ишора гардид.
Тибқи омори Созмони Милали Муттаҳид дар сатҳи ҷаҳонӣ тақрибан 13,2 фоиз маҳсулоти истеҳсолшудаи ғизо ҳанӯз дар марҳилаи ҷамъоварии ҳосил то ворид шудан ба бозори чакана талаф мешавад. Ҳамчунин, дар хонаводаҳо, муассисаҳои хӯрокворӣ ва дӯконҳои чакана наздики 19 фоиз, яъне 1,05 миллиард тонна аз ҳаҷми умумии ғизо ба партов меафтад.
Талафоти ғизо боиси болоравии қимати маҳсулот мегардад. Илова бар ин, партовҳои ғизоӣ дар партовгоҳҳо ба сарчашмаи партоби газҳои гулхонаӣ табдил ёфта, тағйиёбии иқлимро метезонад.
Директори генералии Созмони ғизо ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Сюл Дунюй дар маросими хосае, ки бо ҳамкории Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист дар Рим доир шуд, гуфт: “Бо андешидани чораҳо барои коҳиши талафот ва партовҳои ғизоӣ, мо метавонем се ҳадафро якбора иҷро кунем: беҳтар кардани амнияти озуқаворӣ ва ғизо, таъмин кардани манфиатҳои иқтисодӣ барои истеҳсолкунандагон, ширкатҳо ва истеъмолкунандагон, коҳиши таъсир ба муҳити зист ва иқлим, ҳифзи гуногунии биологӣ ва кам кардани ифлосшавӣ”.
Созмони Милали Муттаҳид аз ҳукуматҳо, соҳибкорон, истеҳсолкунандагон, истеъмолкунандагон ва муҳаққиқон даъват мекунад, ки амалҳои мушаххас анҷом диҳанд. Ин амалҳо метавонанд ба пешрафти инноватсияҳо, иҷтимоӣ кардани меъёрҳои иқтисоди даврӣ дар низоми аграрӣ-ғизоӣ, густариши таҷрибаҳои муваффақ ва тағйири рафтори истеъмолкунандагон равона гардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”