27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
02.10.2025 14:35

Ҷамъбаст ва қадрдонии ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии "Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”

Тавре ки аз бахши матбуот ва робита бо ҷомеаи Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳанд, 1-уми октябр маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии "Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” доир гардид.

Ба иттилои манбаъ, мувофиқи арзёбии ҳайати доварон ғолибони Озмун миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ чунинанд: ҷойи якум - Меҳрона Худойбердиева аз Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент (Диплом,ҷом ва ҷоиза дар ҳаҷми 20000 сомонӣ), ҷойи дуюм - Шукронаи Зафар аз Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат ҷойи дуюм  (Диплом ва ҷоиза дар ҳаҷми 15000 сомонӣ), ҷойи дуюм - Фотима Давлатзода аз Коллеҷи тиббии ноҳияи Б. Ғафуров (Диплом ва ҷоиза дар ҳаҷми 15000 сомонӣ), ҷойи сеюм - Адиба Бегова аз Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (Диплом ва ҷоиза дар ҳаҷми 7500 сомонӣ),  ҷойи сеюм - Карашмаи Нангинолой  аз Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (Диплом ва ҷоиза дар ҳаҷми 7500 сомонӣ).

Ҳамчунин, Мустафоева Суҳайло, Сатторова Меҳрангез, Абдуқодирова Зарнигор, Абдухалилов Абдулҳамид, Зоидова Малика, Урунов Зоҳидҷон, Холисамоҳи Ҷумахон, Давронзода Фархунда, Эшонакова Таҳмина ва Қурбонзода Шабнам миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ сазоворӣ ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Гуфта мешавад, ки миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шахсони зерин ғолиб дониста шуданд: ҷойи якум - Шаҳбоз Неъматзода аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ (Диплом,ҷом ва ҷоиза дар ҳаҷми 20000 сомонӣ), ҷойи дуюм - Парвиз Аҳмадов аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Диплом ва ҷоиза дар ҳаҷми 15000 сомонӣ), ҷойи сеюм - Маликахон Олимова (Диплом ва ҷоиза дар ҳаҷми 7500 сомонӣ), ҷойи сеюм - Ҳалима Сафарова аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Диплом ва ҷоиза дар ҳаҷми 7500 сомонӣ).

Ҳамзамон, Умриниссо Бердишукуровна, Мавлавӣ Қаюмов, Манижа Пӯлодова, Абдуматин Маҳмадҷонов, Марҷона Собирова, Шаҳдӣ  Хаёлов, Шайло Нодирхонова, Шоира Давлатзода, Нилуфар Юсуфова, Мирзобег Азиззода сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” соли дуюм аст бо ташаббус ва сарпарастии Китобхонаи миллӣ баргузор карда мешавад.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.