27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
02.10.2025 12:06

Амрико яке аз бузургтарин неруҳои ҳавопаймоҳои сӯхтрасонашро ба Ховари Миёна ирсол намудааст

Сарчашмаҳои хабарӣ гузориш доданд, ки мавҷи бузурге аз ҳавопаймоҳои сӯхтрасони КС-135 Stratotanker-и неруҳои ҳавоии Амрико вориди Ховари Миёна шудааст. Ин иқдом яке аз бузургтарин ирсолҳои ҳавопаймоҳои сӯхтрасон дар моҳҳои ахир шумурда мешавад.

Тибқи гузориши “Newsweek” пайгирии парвозҳо нишон медиҳад, ки ҳавопаймоҳо аз пойгоҳҳои ҳавоии соҳили Уқёнуси Атлант парвоз карда, ҳоло дар пойгоҳи ҳавоии Ал-Удейд дар Қатар – маркази фармондеҳии Амрико дар минтақа – мустақар шудаанд.

Ин иқдом дар ҳоле сурат мегирад, ки таниш бо Эрон боло гирифта ва Теҳрон ҳушдор додааст, дар сурати ҳамла посухи ҷавобӣ хоҳад дод. Ин иқдом, ба гуфтаи таҳлилгарон, нишонаи болоравии сатҳи омодагии низомии Амрико дар минтақа мебошад.

Ин расона менависад, ки ирсоли ногаҳонии даҳҳо ҳавопаймои сӯхтрасон дар шароите иттифоқ меафтад, ки муҳити минтақавӣ сахт ноустувор бошад. Бунбасти музокироти атомӣ, идомаи таҳрим ва эҳтимоли даргириҳои нав бо Исроил метавонад вазъиятро ба зуддӣ муташанниҷ кунад. Аз ҳамин рӯ, ҳамкории дипломатӣ ва назорати дақиқ дар ҳафтаҳои оянда аҳамияти ҳалкунанда хоҳад дошт.

Дар пайи нашри ин хабар, сомонаи “Нурнюз”, расонаи наздик ба Шурои амнияти миллии Эрон, ба нақл аз раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон навишт: “Барои даргирии эҳтимолӣ омодаем”.

“Нурнюз” мақсади ин иқдоми Амрикоро “нишон додани тавоноии логистикӣ барои идомаи амалиёти ҳавоӣ” ва ҳамзамон “ирсоли паёми сиёсӣ” арзёбӣ кардааст.

Ин расона ҳамчунин, ба нақл аз Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломӣ хабар дод, ки “Амрико дарҳоро ба рӯи дипломатия бастааст.  Ҳадафи механизми “Снап-бек” ва узрхоҳии Нетаняҳу аз арабҳо, заминасозӣ барои таҳдиди низомӣ ва қаҳрамон нишон додани Трамп аст”.

“Нурнюз” дар гузориши худ ба унвони “Оё Трамп бо кортҳои Эрон қимор мекунад” навишт: “Ин иқдом ду паём дорад: яке ба муттаҳидони минтақавӣ, ки Амрико мехоҳад ҳомии амнияташон бимонад ва дигаре ба Теҳрон то бидонад, ки имкони низомӣ ҳанӯз дар рӯи миз аст”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.