Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Кадом шаҳру ноҳия дар рӯзи якум нақшаи даъватро пурра иҷро кард?
1-уми октябр дар саросари кишвар Рӯзи даъватшаванда қайд карда мешавад. Дар ин рӯз ҷавонони аз 18 то 27-солае, ки ихтиёрӣ мехоҳанд дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати Модар-Ватанро анҷом диҳанд, бо сафи Артиш гусел карда мешаванд.
Тибқи иттилои дастрас, дар рӯзи нахустини даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор шаҳру навоҳӣ нақшаи даъвати тирамоҳиро пурра иҷро карданд.
Имсол ҳам шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин шуда нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро пурра, ҳатто 101 фоиз иҷро кард.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар рӯзи аввал нақшаи даъвати ҳарбиро ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Нуробод ва Рашт 100 фоиз иҷро карданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор низ аз иҷро шудани нақшаи даъват дар рӯзи якум хабар дод.
Дар ин росто, маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар ҳам нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар рӯзи нахустин пурра иҷро кард.
Бояд гуфт, ки маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши милли дар шаҳри Норак хеле хуб гузашта, нақшаи даъват барзиёд иҷро гардид.
Инчунин, дар Рӯзи даъватшаванда шаҳри Левакант низ нақшаро пурра иҷро намуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”