Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Бозии рӯз. “Истиқлол” ва “Гоа” дар Варзишгоҳи Ҳисор рақобат мекунанд
Имрӯз, 1-уми октябр бошгоҳи “Истиқлол”-и Тоҷикистон бо дастаи “Гоа”-и Ҳиндустон дар доираи даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё рақобат мекунад.
Вохӯрии мазкур соати 18:45 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир мегардад.
Дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ Игор Черевченко, сармураббии бошгоҳи “Истиқлол” интизориҳояшро аз вохӯрӣ бо дастаи “Гоа” гуфт: “Рақиб дастаи пурқувват аст, дар ҳайати худ легионерҳои зиёд дорад. Мо бо тамоми масъулият ба бозӣ омодагӣ мебинем. Мо барои мухлисон бозӣ мекунем. Онҳо бо умеди тамошои бозиҳои хуб ба варзишгоҳ меоянд. Пеши даста вазифаи аз гурӯҳ баромадан гузошта шудааст ва мехоҳем ба ин ҳадаф бирасем”.
Ёдовар мешавем, ки дар даври якуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бошгоҳи “Истиқлол”-и Тоҷикистон бо “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ рақобат намуда, мағлуб шуда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад