27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
01.10.2025 14:19

Кӯдакони заҳролудшудаи кӯдакистонҳои Ӯзбекистон аз беморхона рухсат шуданд

Дар вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳама он кӯдаконе, ки дар натиҷаи заҳролудшавӣ дар беморхона бистарӣ шуда буданд, ҷавоб дода шуданд. Табибон гуфтаанд, ки саломатии кӯдакони заҳролудшуда комилан барқарор гардид ва ягон хавф ба ҳаёташон таҳдид намекунад.

Бино ба иттилои расмӣ чанд рӯз қабл, дар беморхонаҳои якчанд ноҳияи вилоят 1940 кӯдаки кӯдакистонҳо бистарӣ шуда буданд. Беш аз нисфи онҳо баъди гирифтани ёрии нахустин фавран ба хона ҷавоб дода шуданд. Тибқи иттилоъ, то субҳи 28-уми сентябр таҳти назорати духтурон 182 кӯдак боқӣ монда буданд, аммо то 29-уми сентябр шумори онҳо то 38 нафар коҳиш ёфт.

Вазорати тандурустии Ӯзбекистон таъкид намуд, ҳама кӯдакистонҳое, ки дар онҳо ҳолатҳои заҳролудшавии оммавӣ ба қайд гирифта шуд, аз 2-уми октябр фаъолияти худро дар реҷаи муқаррарӣ идома хоҳанд дод.

Тавре Вазорати тандурустии Ӯзбекистон шарҳ дод, тибқи қонунгузории амалкунанда таъминоти ғизо дар муассисаҳои томактабӣ аз сӯи ширкатҳои хусусӣ тибқи системаи аутсорсинг ташкил карда мешавад. Дар ин замина, шартнома риояи талаботи санитарӣ ва меъёрҳоро ҳатмӣ медонад.

Ҳамзамон, масъулон эътироф карданд, ки барои ҳодисаи рухдода дар вилояти Тошканд масъуланд ва назорат бар сифати маҳсулотро шадидтар хоҳанд кард. Аз ҷумла, ба ин раванд комиссияи ҷамъиятӣ аз ҳисоби падару модарон, мутахассисон ва рӯзноманигорон ҷалб карда мешавад. Хулосаҳои гурӯҳи корӣ пайваста дар дастраси умум нашр хоҳанд шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.