Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Вазорат гуфт, чӣ қадар муҳоҷирони аз Русия баргашта ба кор таъмин карда шуданд
“Ҳар як муҳоҷирони баргашташуда аз тарафи Хадамоти муҳоҷират, Агентии шуғл ва меҳнат ва ҳамзамон маркази машвартии омодагии пеш аз сафари Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мавриди пеш аз ҳама назорат ва дар шаш моҳаи аввали соли 2025 он теъдоди муҳоҷирони баргаштаад ба 11 245 нафари онҳо бо ҷои кор таъмин гардиданд. Дар самти теъдоди муҳоҷирати меҳнатӣ ва имтиёзҳое, ки ба онҳо дода мешавад, ҳамаи чораҳои зурурӣ аз ҷониби Агентии шуғл ва меҳнат, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ расонида мешавад”, гуфт Солеҳа Холаҳмадзода вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи нимсолаи ниҳодаш ба хабарнигорон.
Мавсуф дар ин замина илова намуд, ки самти муҳоҷират ва равандҳои муҳоҷират масъалаи хеле муҳим буда, ин пеш аз ҳама ҳам мушкилот ва ҳам равандҳои танзими худро дорад, ки як қатор стратегияю Барномаҳои давлатӣ қабул шудаанд ва дар баробари ин, нақшаву чорабинҳои мо ҳам дар ин самт таҳия гардидааст.
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 79870 нафар шаҳрванд муроҷиат намудаанд, ки аз ин шумора 62399 нафар ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, ба 33802 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Дар натиҷаи татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2023- 2027, дар маҷмуъ, 41205 нафар шаҳрванди бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҷойҳои кории доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъмин гардиданд, ки ин нишондиханда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024, 305 нафар ё 0,7 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, тавассути ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) 4640 нафар, корҳои фардӣ 1199 нафар, тариқи ҷалб ба корҳои ҷамъиятии музднок 3478 нафар бо кор таъмин шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”