Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дидбони ҳуқуқи башар: қатъи интернет ҳуқуқ ва зиндагии мардуми Афғонистонро ба хатар андохтааст
Дидбони ҳуқуқи башар имрӯз бо нашри як изҳорот гуфт, ки қатъ кардани интернет аз сӯи Толибон миллионҳо шаҳрванди Афғонистонро аз таҳсил, хадамоти тиббӣ, фаъолиятҳои тиҷоратӣ ва дастрасӣ ба иттилоот маҳрум намудааст ва буҳрони башарии мавҷуд дар кишварро боз ҳам шадид кардааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, қатъи интернет аз миёнаи моҳи сетнябр дар чанд вилояти шимолӣ оғоз шуд, ки дар он ҷо мақомоти Толибон эълон карда буданд, дастрасӣ ба нахи оптикиро барои пешгирӣ аз “амалҳои ғайриахлоқӣ” масдуд кардаанд.
То 29-уми сентябр ин маҳдудият ба Кобул расид ва ҳарду навъи хизматрасонии нахи оптикӣ ва шабакаҳои мобилӣ комилан қатъ шуданд. Созмонҳои нозир ба интернет гузориш доданд, ки то 30-уми сентябр робитаҳои интернетӣ дар саросари кишвар комилан фурӯ пошид.
“Қарори Толибон барои қатъи интернет зиндагии миллионҳо афғонро аз миён бурда, онҳоро аз ҳуқуқи асосии дастрасӣ ба таҳсил, хадамоти тиббӣ ва иттилоот маҳрум кардааст. Толибон бояд ин баҳонаҳои бепояро канор гузошта, ба ин хомӯшӣ поён диҳанд” – зикр кард Фаришта Аббосӣ, пажӯҳишгари Афғонистон дар Дидбони ҳуқуқи башар.
Қатъи интернет боиси лағви парвозҳо ба Кобул ва аз Кобул ба дигар кишварҳо шуда, фаъолияти тиҷоратӣ, созмонҳои кумакрасон ва расонҳоро халалдор кардааст.
Хабарнигор мегӯянд, ки ҳатто натавонистанд дар дохил ва хориҷи кишвар тамос барқарор кунанд ва барномаҳое, ба мисли Ватсап ва Сигналро низ масдуд кардаанд. Созмонҳои кумакрасон ҳушдор додаанд, ки ин вазъият амалиёти наҷотбахшеро, ки ба робитаҳо барои ҳамоҳангӣ ва расондани ёриҳо ниёз дорад, зери хатар қарор медиҳад.
Аз қатъи интернет бештар донишҷӯён осеб мебинанд. Фаришта Аббосӣ гуфт, занону духтароне, ки аз сӯи Толибон аз таҳсилоти миёна ва олӣ маҳрум шудаанд, ҳоло аз охирин роҳҳои омӯзиш, таҳсили онлайнро низ аз даст доданд. Дар яке аз курсҳои донишгоҳии онлайн баъди оғози қатъи интернет фақат 9 нафар аз 28 донишҷӯ тавонистанд ба дарс пайваст шаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”