Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Иммунизатсияи оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам оғоз шуд
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз, 1-уми октябр дар нуқтаи тиббии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №19 маросими оғози расмии иммунизатсияи оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам (ВПО) баргузор гардид.
Гуфта мешавад, ки дар чорабинии мазкур намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва намояндагони сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.
“Дар ин чорабинӣ масъалаҳои муҳими татбиқи иммунизатсия, афзоиши сатҳи огоҳии аҳолӣ дар бораи аҳамияти ваксинагузорӣ ва ҳифзи саломатии кӯдакон ва калонсолон баррасӣ шуд. Мудирони мактаб ва кормандони тиббӣ ба иштирокдорон тавзеҳ доданд, ки иммунизатсия яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии бемории ВПО буда, барои ҳифзи саломатии ҷамъият ва таъмини муҳити солим дар муассисаҳои таҳсилотӣ нақши калидӣ дорад, - қайд мегардад дар иттилоияи вазорат.
Иттилоъ дода мешавад, ки Ҳукумати мамлакат барои таъмини ваксинаҳои босифат ва гузаронидани маъракаҳои иммунизатсионӣ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”