Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Рӯзи даъватшаванда. Маъракаи даъват ба Қувваҳои мусаллаҳ оғоз гардид
Аз 1-уми октябр то 30-уми ноябр дар саросари кишвар маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон давом мекунад.
Имсол тибқи Фармони Президенти кишвар ба сафи Артиши миллӣ ҷавонони аз 18 то 27-сола (солҳои таваллуди 1998-2007) ҷалб мешаванд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбӣ барои ҷавонони аз 18 то 27-сола, ки муассисаҳои миёнаи умумӣ ва миёнаи касбиро хатм намудаанд, 24 моҳ муқаррар карда шудааст. Ҷавононе, ки макотиби олии ҷумҳуриро хатм кардаанд, 12 моҳ дар Қувваҳои мусаллаҳ бояд хизмат намоянд. Ҳамчунин, хатмкардаҳои макотиби олӣ, ки ҳамзамон дар кафедраи ҳарбӣ таҳсил кардаанд, баъди 12 моҳи хизмати ҳарбӣ ба соҳиби рутбаи аввалини афсарӣ мешаванд.
Инчунин, дар кишвар хизмати алтернативӣ низ ҳаст, ки ҷавонон бо пардохти 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ҳоло 56 ҳазору 250 сомонӣ мешавад) ва иҷрои як моҳи хизмат метавонанд соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”