Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Эрон оё кишвари муҳоҷирпазир буда метавонад ва дарвозаҳои он ба рӯйи кадом муҳоҷирон боз мешавад?
Оё Эрон кишвари муҳоҷирпазир аст ва дарвозаҳои он ба рӯйи кадом муоҷирон боз мешавад?
Дар давоми як соли ахир ҳузури густурдаи муҳоҷирони кории афғонистонӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон боиси нигарониҳои амниятӣ ва баҳсҳои сиёсӣ шудааст. Мақомоти ин кишвар ҳузури беш аз ҳади муҳоҷирони афғонистонӣ дар Эронро мояи нигарониҳои амниятӣ тавсиф кардаанд.
Ниҳодҳои давлатии Ҷумҳурии Исломии Эрон маҳдудиятҳои зиёдеро оид ба фаъолияти кории муҳоҷирони меҳнатии Афғонистон ҷорӣ кардаанд. Вуруди муҳоҷирони афғонистонӣ ва иқомати онон дар шаҳрҳои бузурги Эрон мамнуъ аст. Ҳамчунин, дар як иқдоми бесобиқа нонфурӯшиҳои Эрон фурӯши нон ба шаҳрвандони Афғонистонро манъ карда буданд.
Фишор ва ихроҷи густурдаи муҳоҷирони афғонистонӣ боиси накӯҳиши созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон шуд. Ҳатто гурӯҳи террористии Толибон низ аз шеваи ихроҷи дастаҷамъонаи муҳоҷирони афғонистонӣ изҳори нигаронӣ кард. Ихроҷи муҳоҷирони Афғонистонӣ фақат дар Эрон маҳдуд намешавад, балки он дар бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Покистон, Туркия, Олмон, Британия ва ғайра анҷом дода мешавад.
Яке аз нигарониҳои ҷиддии мақомоти Эрон дар хусуси муҳоҷирони афғонистонӣ ин аст, ки муҳоҷирони афғонистонӣ ҷиноятҳои сангин содир мекунанд ва ҳамчунин, дар бархе маврид ба нафъи Амрико ва Исроил ҷосусӣ мекунанд.
Дар Ҷанги 12-рӯзаи Эрону Исроил бархе хабарҳо аз ҳузури ҷосусони афғонистонии Исроил дар расонаҳо нашр шуд. Чанд мавриди боздошт ва муҷозоти шаҳрвандони Афғонистон ба иттиҳоми ҷосусӣ ба манфиати Эрон нашр гардид.
Ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сароҳат эълон намуданд, ки бо ҳузури ғайриқонунии муҳоҷирони эронӣ мубориза бурда, онҳоро аз Эрон ихроҷ хоҳанд кард. Полиси Эрон бо қотеъият барномаи ихроҷи муҳоҷирони афғонистониро амалӣ мекунад ва то ба ҳол, ба навиштаи бархе расонаҳо, беш аз 3 миллион муҳоҷири афғонистонӣ аз Эрон ихроҷ шудаанд.
Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз кишварҳое мебошад, ки муҳоҷирони афғонистонӣ зиёдтар дар он ҷо кору фаъолият мекунанд. Собиқаи ҳузури муҳоҷирони афғонистонӣ дар Эрон ба наздики 40 сол мерасад. Эрон то оғози шуруъи барномаи ихроҷи муҳоҷирон ба муҳоҷирони афғонистонӣ рӯйи хуш нишон медод ва онҳо ҳатто аз хизматрасониҳои ройгони давлатӣ баҳраманд буданд.
Баъзе аз муҳоҷироне, ки наздик ба 40 сол боз дар Ҷумҳурии Исломии Эрон зиндагӣ мекунанд, дар расонаҳо зикр намуданд, ки дигар Ҷумҳурии Исломии Эрон барояшон ватан аст. Онҳо муҳаббати хоси худ нисбат ба Эронро дар расонаҳо иброз намуда, таъкид мекунанд, ки ихроҷашон аз Эрон кори одилонае нест. Бо вуҷуди ин, мақомоти эронӣ аз ҳузури муҳоҷирони афғонистонӣ нигаронии амниятӣ доранд ва эҳсос мешавад, ки онҳо дигар ҳузури ғайриқонунии муҳоҷирони афғонистонӣ дар хоки ин кишварро намепазиранд.
Эрон яке аз сарчашмаҳои асосии кор ва даромади муҳоҷирони афғонистонӣ аст. Неруи кори арзон яке аз далелҳое мебошад, ки бисёре аз ширкатҳои эронӣ, ба ҷои мардуми худи Эрон, афғонистониҳоро ба кор ҷалб мекунанд. Ҳузури чашмгири афғонистониҳо дар соҳаи кишоварзӣ, сохтмон, истеҳсолот ба чашм мерасад. Онҳо корҳои сиёҳ ва сангинро анҷом медиҳанд ва яке аз омилҳои асосӣ ё муҳаррики рушди иқтисоди Эрон мебошанд.
Ҷомеашиносони эронӣ, аксаран ҳузури афғонистониҳоро ба манфиати кишвари Эрон медонанд ва аз давлат хостаанд, ки ҳузури онҳоро қонунӣ кунанд. Давлат ҳам ваъда додааст, ки ҳузури онҳоро қонунӣ хоҳад кард.
Мушкилоти асосӣ ин ҷост, ки ҳузури афғонистониҳо беш аз ҳад аст. Онҳо бо хонаводаҳои худ дар Эрон маскунанд ва бархеи онҳо аз хизматрасонии иҷтимоии ҳукумати Эрон истифода мекунанд. Шумори умумии онҳоро беш аз 10 миллион нафар арзёбӣ мекунанд.
Муҳоҷирони ғайриқонунии афғонистонӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хеле зиёд мебошанд ва полиси ин кишвар дар давоми ду соли ахир беш аз 3 миллион нафарро ихроҷ кардааст.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳайати ҳукуматаш пешниҳод карданд, ки меъёрҳои нави пазириши муҳоҷирони меҳнатӣ дар Эрон амалӣ карда шавад ва иҷозаи ҳузури ғайриқонунӣ ба муҳоҷирон дода нашавад. Президенти Эрон дар корзори интихоботиаш гуфта буд, ки муҳоҷирони афғонистонӣ чархи иқтисоди Эронро мечархонанд ва хуруҷи онҳо метавонад барои касбу корҳои мухталиф мушкилсоз бошад.
Дар ҳамин росто, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон қотеъона изҳор дошт, ки меъёрҳои буду боши муҳоҷирон ва шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷониби мақомоти полиси Эрон муқаррар карда шавад. Ҳама муҳоҷирон бояд дар чорчӯби қавонини Эрон кору фаъолият кунанд.
Ҳоло бо ихроҷи дастаҷамъии муҳоҷирони афғонистонӣ мушкилот дар бархе соҳаҳои Эрон ба вуҷуд омадааст. Бархе корхонаҳои эронӣ, ки умдатан коргаронашон муҳоҷирони афғонистонӣ будаанд, дар расонаҳо гуфтаанд, ки ҷойи онҳоро коргарони эронӣ гирифта наметавонанд.
Наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад ва тоҷири эронӣ дар он мегӯяд, ки муҳоҷирони афғонистонӣ бо ҳақмузди кам кор мекарданд ва корҳои корхонааш бо суръат анҷом дода мешуд. Ҳоло бо камбудии қувваи корӣ дар корхона рӯ ба рӯ мебошад ва корхонааш аз ин ҷиҳат ба мушкилоти бузург рӯ ба рӯ мешавад.
Бархе таҳлилгарони эронӣ мегӯянд, ки барои аз миён бурдани нигарониҳои амниятӣ дар қабули муҳоҷирон дигаргунӣ бояд ба вуҷуд оварда шавад. Онҳо ба ин бовар ҳастанд, ки пазируфтани муҳоҷирон аз кишварҳои мухталиф, бар асоси меъёр ва бо роҳҳои қонунӣ метавонад мушкилоти амниятиро аз миён барад. Манзури онҳо ин аст, ки аз кишварҳои мухталиф муҳоҷири корӣ қабул карда шавад, то дар таркиби ҳузури муҳоҷирон дар Эрон дигаргунӣ ба вуҷуд ояд.
Ҷумҳурии Исломии Эрон, бо вуҷуди дар зери таҳримҳои сахти байналмилалӣ қарор доштан, талош дорад, иқтисоди дохилиашро тақвият диҳад. Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон корхонаҳои зиёд бунёд шудаанд. Бахши кишоварзии Эрон яке аз соҳаҳои рушдкардаи ин кишвар мебошад. Ҳамчунин, дар дигар бахшҳо низ Эрон ба дастовардҳои назарраси иқтисодӣ расидааст.
Дар ҷаҳони муосир, содироти қувваи корӣ ба кишварҳои ниёзманд, ба яке аз авлавиятҳои муҳимми рушди иқтисодӣ таблил ёфтааст. Арабистони Саудӣ ва Қатару Имороти Муттаҳидаи Арабӣ муҳоҷирони зиёдеро аз Покистон қабул мекунанд. Ҳатто гуфта мешавад, ки муҳоҷирони зиёд аз кишвари Ҳинд низ дар ин кишварҳо фаъолият мекунанд. Ин кишварҳои ҳавзаи Халиҷи форс ба қувваи корӣ ниёз доранд ва бо шартнома аз баъзе кишварҳо муҳоҷир қабул мекунанд.
Ба назар мерасад, Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар оянда аз чунин фарояндаи муҳоҷирпазирӣ кор хоҳад гирифт. Ва, табъан, фақат аз як кишвар муҳоҷир нахоҳад пазируфт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ниёзманди содироти қувваи корӣ ба хориҷ аз кишвар аст, талош мекунад, ки самтҳои нави кориро барои муҳоҷирони тоҷик боз кунад. Дар ин замина Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош дорад, ки ташаббусҳои навро амалӣ кунад. Бо баъзе кишварҳо, аз ҷумла Олмон, Британияи Кабир, Литвия, Эстония ва Ҷопону Кореяи Ҷанубӣ дар самти пазируфтани муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон гуфтугӯҳо идома дорад.
Дар миёни кишварҳое, ки мақомоти Тоҷикистон барои равон кардани муҳоҷирон интихоб кардаанд, аз назари бархе коршиносон Эрон метавонад беҳтарин гузина бошад, зеро, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Тоҷикистон муштаракоти фарҳангӣ дорад. Аз ҷониби дигар, забони муштарак барои амалӣ кардани барномаи қабули муҳоҷирони тоҷик дар Эрон метавонад нақши муҳим иҷро намояд. Бар асоси арзёбиҳо, кор дар Эрон барои муҳоҷирони тоҷик манфиатҳои зиёд хоҳад дошт ва ҳақмузди онҳо метавонад ба маротиб бештар аз Федератсияи Русия бошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”