27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
30.09.2025 16:42

Оғози барномаи коромӯзии Русия барои ҷавонони мутахассиси тоҷик

Бо дастгирии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи васеи коромӯзӣ барои мутахассисони ҷавон ва хатмкунандагони донишгоҳҳо оғоз гардид. Барнома бо ҳадафи рушди касбии ҷавонон ва баланд бардоштани имкониятҳои онҳо амалӣ мегардад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ИДМ ин ташаббус дар доираи лоиҳаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (ПРООН), “Баланд пардоштани имкониятҳои ҷавонон ба воситаи рушди касбӣ ва пешбурди инноватсияҳо дар Тоҷикистон” бо маблағгузории Русия роҳандозӣ карда мешавад.

Масъулони сафорати Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки Русия омода аст ҳама кумакҳоро барои рушди касбии ҷавонони тоҷик ва таъмин кардани ояндаи муваффақонаи онҳо фароҳам кунад.

Тибқи барнома 200 ҷавони мутахассис ва хатмкардаи донишгоҳҳо имконият хоҳанд дошт, дар корхонаҳои пешрафтаи кишвар коромӯзӣ гузаранд. Аз ҷумла, ҳамкорон – холдинги “Авесто Групп”, ширкати алюминии “Талко”, “Алиф бонк ” ва дигар ширкатҳои хусусӣ ва агентии кадрӣ мебошанд.

Ташаббускорон таъкид намуданд, ки барнома ба рушди малакаҳои касбӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии ҷавонон дар бозори меҳнат ва рушди иқтидори инноватсионии кишвар равона шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.