Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Ба соҳаи сохтмони Тоҷикистон беш аз 16 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шудааст
Дар давоми 8 моҳи соли 2025 ба соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ 16, 8 миллиард сомонӣ равон шудааст. Бино ба иттилои Агентии омор ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 бо нархҳои муқоисашаванда 120, 9 фоиз бештар аст.
Фирдавс Асматбекзода, сардори шуъбаи омори саноат ва сармоягузорӣ дар сохтмон ба хабаргузории “Ховар” гуфт, ки тақсими маблағҳо ба соҳаи сохтмон ба чунин шакл сурат гирифтааст:
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 722, 2 миллион сомонӣ;
Вилояти Хатлон – 2, 34 миллиард сомонӣ;
Вилояти Суғд - 2, 09 миллиард сомонӣ;
Шаҳри Душанбе - 4, 62 миллиард сомонӣ;
Ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ – 6, 32 миллиард сомонӣ;
Ба гуфтаи мақомоти кишвар сармоягузорӣ асосан барои сохтмони биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ, ба мисли мактаб, кӯдакистон, иншооти варзишӣ, ҳамчунин, рӯшаннамоии кӯчаҳову ободонии ҳуд равона шудааст.
Тибқи омор дар 8 моҳи соли ҷорӣ дар саросари кишвар 740, 9 ҳазор метри мураббаъ манзил мавриди истифода қарор гирифт, ки бештаринаш ба ҳиссаи вилояти Суғд (303, 1 ҳазор метр кватратӣ) рост меояд.
То ҷашни 35 –солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳукумат сохтмони тақрибан 30 ҳазор иншоотро ба нақша гирифтааст. Аз ин шумора, беш аз 23 ҳазор бино аз ҳоло мавриди истифода қарор гирифта, корҳо дар 4, 5 ҳазор иншооти дигар идома дорад.
Ҳамчунин, дар ин давра 15 мактаб барои 16 ҳазору 380 ҷой ба истифода дода шуд, ки бештаринашон дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”