Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
48 футболбози маъруфи ҷаҳон хостори хориҷ кардани Исроил аз мусобиқаҳои ҷаҳонӣ шудаанд
48 нафар футболбозони маъруфи касбии ҷаҳонӣ бо роҳандозӣ кардани ташаббусе таҳти номи “варзишгарон барои сулҳ” хостори маҳрум кардани Исроил аз ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ шуданд.
Тибқи гузориши Ал-Ҷазира дар миёни имзокунандагон номи ситораҳои маъруф, ба мисли Пол Погба, Ҳаким Зиёш ва Анвар ал-Ғозӣ дида мешавад. Онҳо талаб намуданд, ки узвияти Исроил дар мусобиқаҳои Иттиҳодияи футболи Аврупо ва ҳамчунин, дар бозиҳои муқаддамотии ҷоми ҷаҳонӣ мутаваққиф гардад.
Ин иқдом дар вокуниш ба идомаи ҷанг ва “қатли омм бар зидди ғайринизомиён дар Навори Ғазза” сурат гирифтааст. Дар изҳороти расмӣ омадааст, ки “варзиш бояд ба адолат ва инсоният пойбанд бошад ва наметавонад дар баробари ҷиноятҳои зидди шаҳрвандон дар Ғазза сукут ихтиёр кунад".
Ҳофиз Дираҷӣ, шаҳрнависи маъруфи шабакаи Ал-Ҷазира ин иқдомро “қадами нахустини ҳамоҳангшуда ва умумӣ” барои берун кардани Исроил аз мусобиқаҳои аврупоӣ ва сипас, ҷаҳонӣ арзёбӣ кард. Ӯ онро ба иқдоми ҳамсон бар зидди Русия баъд аз ҳамла ба Укрина номид.
Ба гуфтаи ӯ, мақсади ташаббус “маҳрум кардани даставу клубҳои исроилӣ аз ҳузур дар мусобиқаҳои аврупоӣ ва ҷаҳонӣ” аст ва ин иқдомро бахше аз силсилаи фишорҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бар Исроил донист.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”