Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Тамрини низомии СААД бо номи “Кобалт-2025” оғоз шуд
29-уми сентябри соли 2025 дар вилояти Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон тамринҳои махсуси низомӣ зери унвони “Кобалт-2025” оғоз шуд. Дар ин машқҳо воҳиди неруҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, гвардияи миллӣ, хадамоти зиддинашъа ва воҳидҳои наҷотдиҳӣ ва сӯхторхомӯшкунӣ, ки бо ҳайати қувваҳои махсуси таъиноти коллективии КSOR СААД дохил мешаванд, ширкат мекунанд.
Тибқи иттилои хадамоти иттилооти Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ тамринҳо аз 29-уми сентябр то 3-уми октябр идома хоҳанд ёфт. Дар марҳилаи фаъол, гурӯҳҳои муштараки воҳидҳои махсус аз кишварҳои Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ машқҳои амалиётӣ ва ҷангиро дар шароите, ки ба муҳити воқеии низомӣ наздик аст, иҷро менамоянд.
Дар марҳилаи оғоз ва ҷамъбасти тамринҳои низомӣ Валерий Семериков, муовини Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ ҳузур хоҳанд дошт.
Ҳамзамон, намояндагони сохторҳои дахлдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай ба ҳайси нозир ба ин тамринҳо даъват шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”