Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Воалейкум салом”. Чӣ гуна Мбаппе мухлисони қазоқашро дар ҳайрат гузошт?
Шоми имрӯз бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” дар доираи даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо бо “Қайрат”-и Ҷумҳурии Қазоқистон рақобат мекунад.
Бошгоҳи испанӣ бо ҳайати асосиаш, ки ситораҳои футболи ҷаҳонӣ ҳастанд, ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон сафар кард. Футболбозони “Реал Мадрид”-ро ҳаводоронашон самимӣ пешвоз гирифтанд ва онҳо низ дар навбати худ бо муомилаи хуб дар сархати хабарҳои расонаҳо баромаданд. Соядастгузорӣ, аксбардорӣ ва суҳбатҳои кӯтоҳ аз ҷумлаи лаҳзаҳое ҳастанд, ки ҳар соат дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд.
Яке аз саҳнаҳое, ки мухлисони қазоқи бошгоҳи “Реал Мадрид” дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле зиёд нашр карданду дар борааш ҳарф мезананд, ин ба саломи як нафар ҷавоб гардонидани ситораи асосии дастаи испанӣ Килиан Мбаппе мебошад.
Дар даромадгоҳи меҳмонхона як нафар ба ҳама футболбозони дастаи шоҳона “Ассалому алейкум” мегӯяд ва онҳо ба саломдиҳанда ишораҳо мекунанд, вале ҳамлагари “Реал Мадрид” Килиан Мбаппе ба саломи мухлиси қазоқаш “Воалейкум салом” мегӯяд. Ин гуна ҷавоб аз футболбози ҷаҳонӣ хеле ҳайратовар аст. Яъне ӯ каме ҳам бошад пеш аз сафар ба Қазоқистон таваҷҷуҳ кардааст.
Ёдовар мешавем, ки бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” барои анҷом додани бозӣ бо “Қайрат” зиёда аз 10 соат парвоз кард ва ин аввалин бор дар таърихи даста мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”