Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Маркази ташхису табобат дар назди беморхонаи марказӣ ифтитоҳ ёфт
Кушодашавии расмии бинои нави Маркази ташхису табобатӣ рӯзи 30 сентябри соли 2025 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.
Бинои асосии Маркази ташхису табобат дар назди беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод аз се ошёна ва 214 ҳуҷра барои бистарии беморон шуъбаҳои қабул ва ташхис, ёрии фаврии тиббӣ, ҷарроҳӣ, шуъбаи таваллуд бо 5 кат барои модар ва кӯдак, шуъбаи табобати интенсивӣ барои кӯдакон бо 6 кат, барои калонсолон бо 8 кат ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷамъ аз 226 иборат мебошад.
Дар иншооти тандурустӣ 124 дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дастрас гардидааст, ки дастгоҳи тиббии муосир, ки бе буриши бадан барои амалиёти ҷарроҳӣ пешбинӣ шудааст, катҳои махсус барои беморон, таҷҳизоти даруннигарии видеоӣ, ташхиси дилу рагҳо, бронхоскоп, рентгени рақамӣ, видеоэндоскоп ва видеобронхоскопи сайёр, аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Дар Маркази нави ташхису табобат 30 мутахассиси дорои таҷрибаи баланди касбӣ фаъолият мекунанд, ки аксари онҳо аз ҳисоби занону духтарони маҳаллӣ мебошанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба масъулин ва табибону кормандони маркази тандурустии ноҳия барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасониҳои тиббӣ ба сокинон дастуру тавсияҳои мушахас доданд.
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”