27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:53, Душанбе
30.09.2025 11:12

Ифтитоҳи бинои нави Шуъбаи маориф

Дар ноҳияи Файзобод бинои Шуъбаи маорифи ноҳияро, ки ба истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон бунёд гардидааст, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз 30 сентябри соли 2025мавриди истифода қарор доданд.

Барои бунёди бинои шуъбаи маорифи ноҳия Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 сентябри соли 2019 санги асоси гузошта буданд.

Бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод аз се ошёна иборат буда, дорои 15 ҳуҷраи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Маҷлисгоҳ 100 ҷойи нишаст дошта, дар он барои баргузории чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Ҳоло дар ноҳияи Файзобод 68 муассисаи таълимӣ, 1 гимназияи хусусӣ ва 4 кӯдакистон бо фарогирии зиёда аз 30 ҳазор хонанда фаъолият доранд.

Қариб 50 фисади кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Файзободро занон ташкил медиҳанд. Соли равон 22 нафар тибқи квотаи президентӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дохил шуданд, ки 12 нафарашон духтарон мебошанд.

Дар маҷмуъ давоми солҳои охир 305 духтари ноҳия тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии таълимӣ дохил шудаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.