Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Пайкараи Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Файзобод қомат афрохт
Дар маркази ноҳияи Файзобод майдони Парчами давлатиро ба истифода доданд, ки баландии сутунпояи он 55 метр, дарозии матоъ 14 ва паҳноиаш 7 метрро ташкил медиҳад ва ба таври муосир ва бо унсурҳои меъмории миллӣ бунёд гардидааст.
Дар майдони муқаддасоти миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз руйи пайкараи асосгузори аввалин давлати тоҷикон - Шоҳ Исмоили Сомонӣ пардабардорӣ намуданд. Баландии муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ 7 метр ва зерпояи он 5 метр мебошад.
Иншооти мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва саҳми соҳибкорони ватанӣ дар масоҳати умумии 46 садяк бунёд гардидааст.
Қомат афрохтани муҷассамаи бунёдгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Файзобод ба майдони муқаддасоти миллӣ шаҳодати тарғиб ва ҳифзу нигоҳдории арзишҳои миллӣ ва ҳамчунин эҳтиром ба таъриху фарҳанги пурифтихори тоҷикон аст.
Бо назардошти талаботи меъморию шаҳрсозӣ тамоми роҳраву гузаргоҳҳои дохилу атрофи майдони Парчами давлатӣ ва назди пайкараи Исмоили Сомонӣ сафолакпӯш ва чароғон карда шудааст, ки шабонгоҳ хеле зебову назаррабо мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”



